Ёди бузургон

Рамзкушои асрори фарҳангӣ

№6 (3152) 14.01.2014

CONTENTДар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан бахшида ба ҷашнвораи 90-солагии академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаб Амонов конференсияи илмию адабӣ ва муаррифии ду китоби тозанашр- «Лирикаи халқии тоҷик» ва «Ёдномаи академик Раҷаб Амонов» доир гардид ва дар кори он олимону донишмандони номдори ҷумҳурӣ- академик Носирҷон Салимов, аъзои вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Кароматулло Олимзода ва Мирзои Муллоаҳмад, докторони илми суханшиносӣ Абдунабӣ Сатторзода ва Атахон Сайфуллоев ва дигарон ширкат варзиданд.

Меҳмонон даставвал дар маросими ифтитоҳи осорхона-китобхонаи охирин намояндаи адабиёти классикии тоҷику форс, яке аз пайравони забардасти сабки Бедилӣ Зуфархон Ҷавҳарӣ, дар ҳавлии номбурда, ки он ҷо дар нимаи дуюми қарни XIX ба дунё омада, то нимаи дуюми қарни ХХ  зиндагӣ ва эҷод кардааст, ширкат варзиданд.

Осорхона-китобхона аз ашёву асбобҳои рӯзгори шоир, китобҳои қаламию дастхатҳои ӯ, асарҳои дар замони Шӯравӣ ба табъ расидаи ин шоири қудратманд ва адабиёти роҷеъ ба аҳволу осори ӯ таълифшуда, ки бо кӯшишу такопӯ ва ҷустуҷӯю ковишҳои авлодҳои пасин, аз ҷумла шоиру нависандаи зиндаёд Баҳодури  Файзулло ва шоир Субҳӣ Ҷавҳаризода тӯли 50-60 соли охир гирдоварӣ шудаанд, ҷой дода шудаанд.

Меҳмонон ин воқеаи муҳимро дар рӯзи баргузории конференсияи илмию оммавӣ бахшида ба 90-солагии академик Раҷаб Амонов фоли неку тавъам ба маърифату фарҳанг шумориданд, зеро академик Раҷаб Амонов низ дар ҳамин мавзеъ, дар ҳамсоягузари Ҷанозахонаи шаҳр ба дунё омадааст.

Дар маҳфили мазкур бахшида ба ҷашнвораи Раҷаб Амонов раиси шаҳри Истаравшан, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Иброҳим Абдуллоев суханронӣ карда, пас аз муаррифии меҳмонон ба аҳли толор, ки фаъолтарин зиёиёни шаҳрро ҷамъ оварда буд, роҷеъ ба рӯзгору осори доктори илми филология, профессор, Арбоби шоистаи илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ академик Раҷаб Амонов сухан кард. Номбурда аз ҷумла изҳор дошт, ки фарзанди шоистаи шаҳри Истаравшан Раҷаб Амонов соли 1923 дар ин маркази илму фарҳанги кишвар ба дунё омада, пас аз хатми Омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Истаравшан (соли 1938), Донишкадаи омӯзгории пойтахт (соли 1947) ва аспирантураи Академияи илмҳои Тоҷикистон (соли 1951) то лаҳзаҳои охирини ҳаёт (соли 2001) дар шуъбаи фолклоршиносии Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон кору фаъолият намудааст.

Раҷаб Амонов ҷустуҷӯйҳои илмиро аз пажӯҳиш ва таҳқиқи адабиёти классикии форсу тоҷик оғоз намуда, фаъолияти минбаъдаи хешро ба гирдоварӣ, таҳқиқу баррасӣ ва нашри адабиёти бадеии шифоҳии мардуми тоҷик бахшидааст. Маҳз ба ҷидду ҷаҳд, ковишу такопӯ ва заҳматҳои шахсӣ ин фарзанди як марди оддии косиби истаравшанӣ, ки хурд аз падар ятим монда буд, дар пойтахти кишварамон рушду камол ёфта, ба мартабаҳои баланди илмӣ расид, як мактаби бузурги фолклоршиносии беназирро, ки дар қаламрави Иттиҳоди Шӯравӣ ва берун аз он ҳамто надорад, ба вуҷуд овард, даҳҳо докторону номзадҳои илмро тарбия карда, асарҳои  сершумори баландғояи илмию адабӣ офарид. Номбурда ҳарчанд қисмати бештари умри худро  дар пойтахти ҷумҳурӣ-шаҳри Душанбе ба сар бурд, вале аз зодгоҳи азизи худ ҷудо набуд, зуд-зуд ба зиёрати ин хоки муқаддас ва дидори азизону ёру дӯстон мерасид ва аксари асарҳои бадеии ӯ аз қабили «Дар домани кӯҳҳои кабуд», «Шарораҳои меҳр», «Дар нимароҳи умр», «Арӯс ё қиссаи зангирии писари ҳамсоя», «Ишқи найнавоз», «Қиссаи диёри  чашмасор» ё ба шаҳри бостонии Истаравшан бахшида шудаанд ё илҳом аз ҳамин зодгоҳи муқаддаси ӯ бардоштаанд.

Баъд донишманди номии кишвар, ноиби раиси Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Кароматулло Олимзода,  директори Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Носирҷон Салимов, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илми филология Мирзои Муллоаҳмад, профессорон Абдунабӣ Сатторзода ва Атахон Сайфуллоев, муовини директори Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Амирхӯҷа Раҳимов, шоири истаравшанӣ М.Ҳошимзода ва омӯзгори литсей-интернати шаҳр Абдураҳим Самиев сухан карданд.

Профессор Кароматулло Олимзода, аз ҷумла ба роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан барои чопи китобҳои тозанашри Раҷаб Амонов изҳори сипос карда, сипас роҷеъ ба мақому манзалати ин донишманди ҳам фолклоршинос, ҳам адабиётшинос, ҳам нависандаву мунаққиди маъруф ва ҳам мураббии шогирдону ва ҳам ҷамоатчии фаъоли рӯзгори ҷомеа ҳарф зад. Ӯ аз ҷумла зикр кард, ки Раҷаб Амонов ташаббускор ва поягузори шуъбаи фолклоршиносӣ дар Институти забон ва адабиёти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Дар таҳқиқи фолклори тоҷик саҳми арзанда гузошта, дар ин ҷода осори пурарзиши илмӣ  ва илмию оммавӣ эҷод кард, ки «Очерки эҷодиёти даҳанакии аҳолии Кӯлоб», «Лирикаи халқии тоҷик», «Эҷодиёти бадеии халқ ва замон», «Адабиёт ва бачагон», «Адабиёти бачагонаи тоҷик», «Ҳақиқати зиндагӣ ва ҳақиқати бадеӣ», «Рубоиёти халқӣ ва рамзҳои бадеӣ» аз  ин ҷумла мебошанд. Бо роҳнамоӣ ва ширкати бевоситаи Раҷаб Амонов кормандони шуъбаи фолклор дар 40 ҷилд «Куллиёти илмии фолклори тоҷик»-ро таҳия намуда буданд, ки то имрӯз ҳамагӣ се ҷилди он рӯйи чопро дидааст.

Дар гузоришҳои маърӯзачиёни баъдӣ, аз ҷумла зикр гардид,  ки тадқиқотҳои илмӣ ва асарҳои бадеии Раҷаб Амонов қариб ба аксари забонҳои маъмули дунё тарҷума ва нашр шудаанд. Дар ин ҷамъомади муфид баромадкунандагон ҳамчунин аз шарофат, одамият, хоксориву накӯкорӣ, миллатдӯстии ин донишманди фақид суханҳои гарму нарм гуфтанд.

Бояд гуфт, ки аҳли уламо ва нақди адабии тоҷик Раҷаб Амоновро ҳамчун «Рамзкушои шеърияти халқ», «Кашшофи ганҷи парешон», «Фолклоршиноси бузург», «Устоди дурандешу ғамхор», «Падари фолклоршиносии тоҷик»  ва «Инсони комил» мешиносанд. Аз ин рӯ, як гуфтаи донишманди шаҳир, профессор Абдунабӣ Сатторзода барои ҳозирин боз як паҳлуи рамзи рӯзгори ин марди алломаро боз намуд.

Абдунабӣ Сатторзода гуфт: «Вақте ки пас аз гузашти солҳо чеҳраи барандаи ҷоизаҳои адабии Садриддин Айнӣ ва давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино, доктори илмҳои филологӣ, профессор, академик Раҷаб Амоновро пеши назар оварданӣ шудам, аввалин чиз тоқии чоргуле буд, ки ӯ ҳамеша дар сар дошт. Вай дар байни илму адаби тоҷик саввумин нафаре буд, ки мисли устод Садриддин Айнӣ ва аллома Бобоҷон Ғафуров маҳз тоқии чоргул мепӯшид.

Ман гумон намекунам, ки касе ки нисфи умри беҳтарини худро сарфи рамзкушоӣ кардааст, коре кунад, ки бидуни рамз бошад. Тоқипӯшии устод Айнӣ, аллома Бобоҷон Ғафуров ва академик Раҷаб Амонов, тавре ки аз фаъолияти густурда ва босамари онҳо дар заминаҳои гуногуни илму адаб бармеояд, маънои бар дӯши худ гирифтани  бори гарони рисолати эҳё, ҳифз, таҳқиқ, нашр ва тарғиби илму адабу фарҳанги миллии тоҷикро дар даврони нав дошт».

Абдулмаҷид Муродов, Ҳусейни Назрулло, «Садои мардум»