Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (26 апрели соли 2013) раванди таълиму тарбия самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат муқаррар гардидааст. Зинаи ташаккулдиҳандаи шахсияти кӯдакону наврасон муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва таҳсилоти умумии миёна мебошад.
Дар ин самт дар вилояти Суғд корҳои шоиста амалӣ мегарданд. Муҳаббат Бобоҷонова – сардори Раёсати маорифи вилоят роҷеъ ба дастовардҳои кормандони соҳаи маорифи вилоят ҳарф зада, зикр дошт, ки раванди беҳдошти шароит ва сатҳи таълиму тарбия дар муассисаҳои соҳа боз ҳам тақвият меёбад.
Мавсуф зикр кард, ки ин давра барои кормандони соҳаи маорифи вилоят давраи бобарор ва пурфайзу баракат буд. Яке аз масъалаҳое, ки имрӯз масъулини соҳаро ба ташвиш гузоштааст, дар баъзе шаҳру ноҳияҳои вилоят ба зинаи сеюми таҳсил пурра ҷалб нагардидани хонандагони мактабҳо мебошад. Соли гузашта бобати ба зинаи сеюми мактабҳои таҳсилоти умумӣ фаро гирифта шудани духтарон тадбирҳо андешида шуд. Ин боис гардид, ки дар миқёси вилоят 79,1 фоизи хатмкунандагони синфи нуҳ, аз ҷумла 80,4 фоизи духтарон барои таҳсил ба зинаи сеюми мактабҳои таҳсилоти умумӣ фаро гирифта шаванд.
Чуноне дар Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид шудааст, дар шароити ниҳоят печидаи ҷаҳони муосир ва таҳаввулоти босуръати солҳои охир такмилу тақвият бахшидан ба фаъолияти сохтору мақомоти давлатӣ, таъмин намудани рушди устувори иқтисодиву иҷтимоии мамлакат ва бо ҳамин роҳ фароҳам овардани шароити зиндагии шоиста барои ҳар як фарди ҷомеа ҳадафи асосии Ҳукумат ва давлат мебошад.
Яке аз вазифаҳои муҳимтарин ҷиҳати татбиқи ин ҳадаф тарбияи шахсияти худшиносу ватандӯст, соҳиби донишу ҷаҳонбинии муосир ва мутахассисони соҳибмаърифат аст. Аз ин рӯ, эътибор ба сатҳи донишандӯзии хонандагон хеле беҳтар, дараҷаи дониши хонандагон баланд шуда истодааст. Ба ин натиҷаҳои олимпиадаҳои анъанавии ҷумҳуриявӣ мисол шуда метавонанд.
Муваффақиятҳои хонандагони мактабҳои вилояти Суғд дар чорабиниҳои ҷумҳуриявӣ сол аз сол назаррас мегардад.
Давоми соли хониши гузашта дар олимпиадаҳои анъанавии ҷумҳуриявӣ, номӣ, даставӣ, фосилавӣ 188 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок намуда, ба гирифтани 111 ҷойи ифтихорӣ сазовор гардиданд. Дар маҷмӯъ, дастаи вилоят дар ҷумҳурӣ сазовори ҷойи аввал шуд.
Бунёди иншооти муосири соҳа, аз ҷумла биноҳои замонавии мактабҳо, гувоҳи пешрафти соҳа мебошанд. Зикр бояд кард, ки дар ин давра теъдоди мактабҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои вилоят ҳафт адад зиёд гардид ва ҳоло 912 ададро ташкил менамоянд.
Дар маҷмӯъ, соли гузашта аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо сохтмон ва таъмиру барқарорсозии 100 иншооти соҳаи маорифи вилоят ба маблағи зиёда аз 87 миллиону 203 ҳазор сомонӣ маблағгузорӣ гардида, дар 44 адади онҳо кор ба охир расид ва дар 56 адади дигар ҳоло сохтмону барқароркунӣ идома дорад.
«Барномаи давлатии компютеркунонии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011–2015» дар вилоят татбиқи саривақтӣ меёбад. Давоми соли сипаришуда муассисаҳои таҳсилоти умумии вилоят бо 601 адад компютери ҳозиразамон таъмин гардиданд. Алҳол дар 947 синфхонаҳои компютерӣ 13290 компютер мавҷуд мебошад, ки ба ҳисоби миёна зиёда аз 100 фоизи иҷрои Барномаро ташкил намуда, ба 14,8 нафар хонандагони синфҳои 7-11 як компютер рост меояд.
Бобати татбиқи «Барномаи давлатии рушди соҳаи тарбияи томактабӣ барои солҳои 2012–2016» низ пешравиҳо ба амал омаданд. Имрӯз дар вилоят 214 муассисаи томактабӣ, аз ҷумла 184 муассисаи таҳсилоти томактабии тобеи вилоят ва шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо, 19 муассисаи таҳсилоти томактабии тобеи ташкилоту корхонаҳо ва 11 муассисаи таҳсилоти томактабии хусусӣ фаъолият менамоянд.
Тавре дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: «Зарур аст, ки бо истифода аз тамоми воситаву имкониятҳо дар хусуси бунёди муассисаҳои томактабӣ ва фаро гирифтани шумораи ҳар чӣ бештари кӯдакон ба чунин муассисаҳо мунтазам чораҷӯйӣ карда шавад». Дар робита ба ин масъала таъкид бояд намуд, ки давоми солҳои охир миқдори муассисаҳои томактабӣ дар вилоят 14 адад афзуда, теъдоди кӯдакони синни томактабии зинаи аввали таълиму тарбия дар муассисаҳои томактабӣ зиёда аз 38 ҳазор нафарро ташкил намуд, ки ин 13 фоизи кӯдакони синни томактабиро ташкил менамояд.
Моҳи сентябри соли 2013 дар шаҳри Хуҷанд кӯдакистони инноватсионӣ барои 1000 нафар кӯдакон бо иштироки Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ гардид, ки имрӯз фаъолияти пурмаҳсул дорад.
Мухтори Абдулло, «Садои мардум»