Дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 20- солагии Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ғончӣ дар ҷамоату шаҳракҳои дурдасти ноҳия корҳои ободонию созандагӣ ва кабудизоркунии маҳал идома дорад. Бино ба гуфтаи муовини якуми раиси ноҳия Рустам Ҷӯраев, роҳсозони ноҳия тасмим гирифтаанд, ки имсол зиёда аз 300 километр роҳҳои аҳамияти ҷумҳуриявию маҳаллидоштаро обод намоянд. Онҳо аллакай зиёда аз 70 километр роҳҳои аҳамияти ҷумҳуриявию маҳаллидоштаро аз таъмир баровардаанд. Сокинон бо дастгирию кумаки роҳсозон ба хотири назорату таъмири роҳҳои нақлиётгарди минтақаи Ваҳдат ба ҳашари умумихалқӣ баромада, то имрӯз зиёда аз 30 километр роҳҳоро обод намуданд.
Бояд то охири сол дар ноҳияи Ғончӣ 89 километр роҳҳои аҳамияти маҳаллидоштаи байни деҳаҳои Ғазантарак, Қалъачаи Азим, Зарнисор ва Эшонқӯрғон бо роҳи ҳашар ва дастгирии молиявии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ аз таъмир пурра бароварда шавад.
Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум»