Дар Паёми навбатии Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон нуктаҳои муҳими барномавӣ барои сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ баён ёфтаанд.
Чунонки дар Паём таъкид гардидааст: «Мо дар ҷараёни таҳаввулоти босуръати ҷаҳони муосир ва марҳалаи навини рушди иҷтимоиву иқтисодӣ қарор дорем» ва яке аз омилҳое, ки ба иқтисодиёти кишвар таъсиргузор хоҳад буд, ин узвияти Тоҷикистон ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо мебошад.
Президенти мамлакат бори дигар аз ҳадафҳои нек ва созандаи давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ ёдовар шуда, чунин зикр карданд: «Мақсади ниҳойии мо таъмини зиндагии шоиста барои ҳар як сокини мамлакат мебошад. Дар ҳалли масоили вобаста ба таъмини татбиқи ҳадафҳои стратегӣ ва афзалиятҳои муайянгардида бояд ҳар як фарди кишвар саҳми ватандӯстонаи хешро гузорад». Ин даъват ҳар як соҳибкор, шахси ба ору номус ва ватанпарастро бетараф гузошта наметавонад.
Аз тарафи дигар, дар Паёми барномавии худ Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои рушди соҳаи туризм ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ки яке аз омил-ҳои рушди иҷтимоӣ мебошанд, дахл карда, таъкид доштанд:
«Омӯзиши таҷрибаи давлатҳои дигар нишон медиҳад, ки рушди туризм ҳамчун яке аз сарчашмаҳои даромади аҳолӣ, ғанигардонии буҷети давлат ва ташкили ҷойҳои нави корӣ дар рушди иқтисодиву иҷтимоӣ саҳми назаррас мегузорад». Дар ин самт муҳайё кардани шароити зарурӣ барои сайёҳон тақозои замон ва талаботи ҷаҳони муосир мебошад. Аз ин рӯ, мо тасмим гирифтем, ки дар амалӣ шудани ин нуктаҳои Паёми имсолаи Президенти мамлакат саҳмгузор бошем ва барои сайёҳону меҳмонон ҳама гуна шароити зарурӣ, аз ҷумла маданияти баланди хизматрасониро фароҳам оварем.
Бо дастгирӣ аз ин ҳидоятҳои неки Сарвари давлат ман ҳамчун соҳибкор, бунёдгузори ширкати «Сино» иқдом гирифтам, ки то ҷашни 22 – солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Чкалов боз як бинои нави меҳмонхона барои 40 ҷойи хобро бунёд намуда, беш аз 20 нафарро бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин намоям.
Абдуқодир ҶАББОРОВ, шаҳри Чкалов