«Садои ҷавонӣ» — нидои қалби ҷавонон

№73 (3374) 28.05.2015

Дар Қасри ҷавонони ба номи Лоиқ Шералии шаҳри Хуҷанд бахшида ба Соли рушди фарҳанг ва рӯзҳои ҷавонон барномаи фарҳангии дастаи «Садои ҷавонӣ»-и Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ баргузор гардид. Қобили таъкид аст, ки дастаи «Садои ҷавонӣ» дар ҷодаи санъат қадамҳои аввалини худро мегузорад ва ин бори нахуст аст, ки донишҷӯён бо барномаи рангини адабию фарҳангӣ хотири иштирокчиёнро болида гардонданд.

Ба иттилои хадамоти матбуотии Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ барномаи ҳунарӣ бо суруди донишкада бо номи «Ҳаёти бебаҳо» оғоз гардида, баъдан бо суруду рақсҳои дилошӯб идома ёфт. Донишҷӯён Низомҷон Азимов, Фирдавс Муҳиддинов, Фараҳрӯз Бойбобоева, Муҳсинҷон Аҳмедов, Азиз Бобоназаров, Афзалшоҳ Исмоилов, Ҳусейн Муродов, Ҷаҳонгир Баротов, Наврӯзшоҳ Хайруллоев сурудҳои дилнишинро ба самъи ҳозирин расониданд.

Дастаи «Ҳозирҷавобон»-и донишкада низ ҳунару истеъдоди хешро ба намоиш гузоштанд  ва дар поёни чорабинии ҳунарӣ «Суруди ҷавонӣ» садо дод.

Абдувосит Салимзода, «Садои мардум»