Ба хотири таҳкими муносибатҳои иқтисодии минтақавӣ ва ҷиҳати иштирок дар Форуми кишоварзони Сибир – «Саҳрои Сибир — 2014» раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ба кишвари Олтойи Федератсияи Россия сафари корӣ намуд.
Дар кишвари Олтой нахуст мулоқоти раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ва губернатори кишвари мазкур Александр Карлин баргузор гашт.
Зимни мулоқот раиси вилояти Суғд аз натиҷаи дастовардҳои соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии вилоят маълумот дода, омодагии ҷониби Тоҷикистонро барои муҳайё намудани шароити мусоид ҷиҳати густариши ҳамкориҳо изҳор дошт.
Дар навбати худ губернатори кишвари Олтой Александр Карлин зикр кард, ки ҳамкориҳои мутақобилаи судманд байни кишвари Олтой ва вилояти Суғд талаботи замони муосир ва ба манфиати ҳар ду ҷониб мебошад.
Сипас, дар ҳузури намояндагони ҳар ду ҷониб маросими баимзорасонии созишномаи нави ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ, илмӣ, техникӣ ва фарҳангӣ байни кишвари Олтойи Федератсияи Россия ва вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гашт. Ба созишномаи нави ҳамкорӣ раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ва губернатори кишвари Олтой Александр Карлин имзо карданд.
Ҳамчунин Абдураҳмон Қодирӣ дар Форуми кишоварзони Сибир – «Саҳрои Сибир — 2014» иштирок карда, аз намоишгоҳи байналмилалии техника ва дастовардҳои муосири соҳаи кишоварзӣ дидан намуд. Ин маъракаи муҳим ба муносибати 60 — солагии азхудкунии заминҳои лалмии дашти Олтой бахшида шуда буд.
Дар намоишгоҳ техникаҳои солҳои 60 – уми асри XX ва лавҳаҳо аз ҳаёти пешоҳангони азхудкунии заминҳои дашти Олтой ба намоиш гузошта шуда буд.
Соли ҷорӣ дар Форуми минтақавии кишоварзон зиёда аз 150 ширкати ҷаҳонии истеҳсолкунандаи техникаи хоҷагии қишлоқ беш аз 450 намуди муосири тракторҳо, комбайнҳо, тухмипошак ва дигар таҷҳизоти зарурии кишоварзонро ба намоиш гузоштанд. Дар намоиш зиёда аз 10 000 нафар мутахассисон аз минтақаҳои гуногуни Федератсияи Россия ва дигар давлатҳои хориҷӣ иштирок доштанд.
Абдураҳмон Қодирӣ ҳамчунин дар кишвари Олтой бо соҳибкорони тоҷики муқими Олтой ва донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуд.
Мухтори АБДУЛЛО, «Садои мардум»