Ҳифзи саломатии модару кӯдак пайваста дар маркази диққати Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.
Дар Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ба ҷуз таълими мавзӯъҳои марбут ба ҳомиладорӣ, конфронсу семинарҳо доир ба саломатии модару кӯдак, тавсияҳо барои истеъмоли ғизои солим, пешгирии бемориҳои бо воситаи алоқаи ҷинсӣ сироятшаванда доир мегарданд. Дарсҳои кушода ва ҷаласаву маҳфилҳо ташкил гашта, донишҷӯён бо истифода аз маводи таълимиву илмӣ, маводи интернетӣ ва малакаҳои амалӣ табодули афкор менамоянд.
Дар ин росто, расонидаи кумак ба занони ҳомиладор дар маркази диққат қарор дорад. Бояд занҳо аз моҳи аввали бордоршавӣ ба марказҳои саломатӣ ва духтурони тибби оилавӣ муроҷиат намоянд, зеро бино ба гуфти мутахассисон, семоҳаи аввали ҳомиладорӣ муҳимтарин марҳила барои инкишофи кӯдак ба шумор меравад.
Теъдоди зиёди занҳо огоҳии комил надоранд, ки кадом навъи ғизо барои ҷанин манфиат дорад ва кадоме аз он зарар. Ҳамарӯза истеъмол намудани маҳсулоти табиӣ, махсусан меваю сабзавот ва маҳсулоте, ки дар таркибаш сафеда ва йод мавҷуд аст, аҳамияти калон дорад. Дар сурати норасоии ғизо на танҳо модар, балки кӯдак низ зарар мебинад. Лоғар таваллуд мешавад, ҳаракати дасту пойҳояш суст буда, дер роҳ мегардад, дер гап мезанад.
Асаби занҳои ҳомила низ яке аз омилҳои асосии инкишофи солими кӯдак маҳсуб ёфта, наздикону пайвандон метавонанд барои ташкили муҳити орому фараҳафзо саҳмгузор бошанд.
Мутаассифона, баъзеҳо ба масъалаҳои мазкур чандон таваҷҷуҳ зоҳир намекунанд ва танҳо баъди чор-панҷмоҳагӣ ба марказҳои саломатӣ муроҷиат мекунанд. Барои ташаккули ақливу ҷисмонии кӯдак, беш аз ҳама, модар масъулият дошта, барои баланд бардоштани маърифати тиббӣ, махсусан дар давраи ҳомиладорӣ бояд аҳамият диҳад.
Дигар аз омилҳои муҳими таъсиррасонӣ ба кӯдак мавҷҳои гуногун мебошад. Дар шароити кунунӣ дар ҳар хонадон як ё ду телефон ҳаст, компютеру телевизор ва дигар таҷҳизоте, ки дорем, таъсири манфӣ доранд. Модарони ҳомила то ҷое, ки имкон доранд, аз ин таъсирот бояд худро дур гиранд.
Мушоҳида мешавад, ки чанд соли охир теъдоди кӯдаконе, ки бо бемории фишори баланди косахонаи мағзи сар таваллуд мешаванд, афзудааст. Ин бемориест, ки ба инкишофи ақлониву ҷисмонии кӯдак таъсири манфӣ мерасонад. Аксари кӯдакон дар батни модар гирифтори он мегарданд. Пеш аз ҳама заҳролудшавӣ, касалиҳои ҷоғар, камхунӣ, дар вақти ҳомиладорӣ гузаронидани зуком боиси таваллуд шудани кӯдакони гирифтори бемории фишори баланди мағзи сар мегардад. Ҳангоми таваллуд рагҳои борики хунгарди мағзи сар метавонанд, ки зарб хӯранду кафанд. Агар дар ин ҳолат сари вақт ба духтур муроҷиат накунанд, зиёдшавии оби мағзи сар ба гидротсифалия ё ин ки макротсифалия, яъне инкишоф наёфтани мағзи сар оварда мерасонад. Аз ин рӯ, сари вақт аз назорати духтурон гузаронидани кӯдак хеле зарур аст, то зуд ва осон муолиҷа шавад.
Кӯдак, ҳамин ки таваллуд шуд, бояд таҳти назорати духтури минтақавӣ бошад.
Дар маҷмӯъ, модарон бояд нисбат ба саломатии кӯдакони худ аҳамияти ҷиддӣ диҳанд, зеро солимии ҷомеа аз кӯдакони солим вобаста аст.
Фирӯза Холматова, Манзура Расулова, Шоира Бобоева, омӯзгорони Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд