ё қиссаи як торсакӣ, ки подошаш баробари ҷон буд
Онҳо шаш бародаранд. Падарашон Мустафоқул Қӯлдошев зиёда аз 40 сол дар соҳаи матлуботи тоҷик кор кард. Аз фурӯшандаи одӣ то ба дараҷаи мудири базаи борқабулкунии стансияи «Шарқ» расида буд. Ободкориҳои зиёд кард, шогирдони бисёрро ба камол расонд. Се писараш пайрави касби падар шуданд: Ҳамроқул, Таваккал ва Бахтиёр. Бахтиёр дар оила писари панҷум аст. Ҳарчанд аз воқеаҳои давлати Афғонистон наздик ба се даҳсола сипарӣ мешаваду тӯли ин муддат Бахтиёр соҳиби писару духтар ва набераҳои зиёд гаштааст, вале он рӯзҳои сангину мағшушро фаромӯш карда наметавонад.
Ӯ мактаби таҳсилоти миёнаи №16-и ноҳияи Ғончиро хатм карду мувофиқи маслиҳати падараш ба Омӯзишгоҳи махсуси касбию техникии соҳаи асалпарварии шаҳри Налчик дохил шуд. Онро бомуваффақият хатм кард ва чанд муддат (то замони ба хизмати ҳарбӣ даъват шуданаш) машғули занбӯриасалпарварӣ шуд.
Қисмат ӯро ба Афғонистони ҳамсоя бурд.
Моҳи майи соли 1987 ӯро ҳамроҳи як гурӯҳ ҷавонписарони ба хизмати ҳарбӣ даъватшуда ба шаҳри Тамбови Федератсияи Россия фиристоданд. Ӯ ва ҳамроҳонаш дар Маркази таълимии ҳарбӣ сирру асрори забти мавҷҳои радиоиро аз худ карданд. Барояшон тӯли шаш моҳ забони русию форсиро низ омӯзониданд.
-Дар ин муддат ҳамаи мо ҷисман хеле обутоб ёфтем, тахассусамонро, ки аз забту қабули мавҷҳои радиолакатсионӣ иборат буд, нағз омӯхтем,- ба хотири меорад Бахтиёр. — Охирҳои моҳи октябри соли 1987 тавассути тайёра аввал моро ба шаҳри Кобул ва аз он ҷо ба мавзеи Багром бурданд. Дар ин ҷо фурудгоҳи калони низомии афғонҳо ва Неругоҳи барқи обии «Нағлу», ки аз ҷониби Иттиҳоди Шӯравӣ сохта шуда буд, ҷойгир шуда буданд. Як вазифаи мо таъмини амнияти ҳамин нуқтаҳои стратегии давлати ҳамсоя буд.
Ҷавонҳои навхати 17-18- сола, ки ҷангро надида буданд, дар ин ҷо якбора ба ҷанги ҳақиқӣ дучор шуданд. Дар пеши чашмашон бори аввал душманон як чархболи ҳарбиро зада ғалтониданд. Чархбол сарозер шуда таркид.
Бахтиёр ба ман дар бораи ҳодисаҳои зиёди дидааш қисса кард. Қиссаи зерин низ аз ҳамин силсила аст:
Дар яке аз рӯзҳои аввали хизмат дар ротаи разведкавии дивизияи 108-уми тирандозии савора қаҳрамони моро навбатдор таъин мекунанд. Сержанти калон Б. Қӯлдошев ҳангоми иҷрои ин вазифа мебинад, ки сарбозон дар ҷойи муқарраршуда сигарет кашида, чанд адад нимсӯхтаи онро ба зери по партофтанд. Сержанти калон ба сарбозе мефармояд, ки нимсӯхтаҳоро бардошта, ба қуттӣ андозад ва аз паи коре ба берун меравад. Баргашта мебинад, ки фармонаш иҷро нашудааст. Ба он сарбози саркаш бори дигар супоришашро хотиррасон мекунад, вале сарбоз аз иҷрои он сар мепечид. Б. Қӯлдошев асабӣ шуда, ба рӯи сарбоз торсакие мефарорад. Сарбоз аз ҳайбати командир ба таҳлука афтода, филҳол супоришашро иҷро мекунад.
Қисмати бегоҳ, пас аз иҷрои вазифаи навбатдорӣ, Бахтиёр Қӯлдошев ба ҷониби хобгоҳ рафта истода мебинад, ки он сарбози аз фармоиш саркашикарда ҳамроҳи командири рота капитан Кривко дар хараке нишаста, суҳбат доранд.
Бахтиёр даст ба чакка бурда, ба таври низомӣ қадам зада, ба хобгоҳ меравад.
Рӯзи дигар ҳангоми сафкашии пагоҳирӯзии сарбозон ва вазифагузориҳо капитан Кривко амр мекунад: «Сержанти калон Қӯлдошев, се қадам ба пеш!»
- Шумо сержанти калон дар ҳайати як гурӯҳи махсус ба амалиёти ҷанги ба вилояти Баракӣ меравед, -мегӯяд Кривко.
Онҳо дар ҳайати як мошинаи зиреҳпӯши ҷангӣ якҷо бо мошинаҳо ва техникаҳои зиёди дивизия деҳаҳои зиёдеро паси сар карда, дар як мавзеи ин вилоят мавқеъ мегиранд. То замони ба нуқтаи даркорӣ расидан, онҳо чандин ҳуҷуми дастаҳои душманро пас мегардонанд. Дар роҳ ду мошинаи ҷангӣ ва як мошинаи боркашонашонро душман месӯзонад. Баъди як моҳ гурӯҳ зиндаю саломат боз ба қисми ҳарбӣ бармегардад.
- Баъди сафар ҳамагӣ як рӯз истироҳат кардам. Рӯзи дигараш боз ҳамон ҳолат такрор шуд: «Сержанти калон Қӯлдошев се қадам ба пеш!»… Ин дафъа ба вилояти Хуст, шаҳри Гардез равонаш карданд.
Ҳамин тариқ, Бахтиёр Қӯлдошев дар шаш амалиёти ҷангӣ, ки баъзеяшон то ду моҳ тӯл кашидаанд, иштирок кардааст. Аҷибаш он аст, ки ба ҳайати иштирокдорони ин амалиётҳо ҳар дафъа ашхоси нав ба нав шомил мегардиданд, вале сержанти калон Б. Қӯлдошев иваз намешуд.
Пас аз бозгашт аз амалиёти дуюм дар дили Бахтиёр Қӯлдошев шубҳа пайдо шуд: -Чаро капитан Кривко пай дар пай ӯро ба ҷанг мефиристад? – аз дил гузаронд ӯ. Ҳол он ки дар ҳайати рота мисли Бахтиёр Қӯлдошев мутахассисони забти алоқаи радиоӣ даҳ нафар буданд.
Ба командири баталён шикоят карданӣ шуд, вале ӯро дар ҷояш наёфт ва шикояти худро ба муовинаш подполковник Кочергин баён дошт.
Рӯзи дигар Бахтиёр бовар дошт, ки Кочергин ба бори дигар ба амалиёт рафтани Бахтиёр монеъ мешавад, вале … Кривко ин дафъа ӯро ба амалиёти аз пешина вазнинтар фиристод.
Дар рӯзҳои вазнин подполковник Кочергин дар симои ин ҷавонписари тоҷик ҷавони масъулиятшинос ва ба Ватан содиқро дид. Дид, ки Бахтиёр ҳамаи супоришҳои командиронро бе чуну чаро иҷро мекунад. Баъд Бахтиёрро ба назди худ ҷеғ зад. Пурсид, ки ту ба капитан Кривко чӣ бадӣ кардӣ, ки ҳар дафъа туро ба коми аҷал мефиристад?
Бахтиёр китф дарҳам кашид, яъне намедонам гуфтанӣ буд, вале муносибати хуби подполковникро дида, каме ҷуръат пайдо кард ва гуфт:
-Рафиқ подполковник, ман дар вақташ ба шумо нисбати ин ноҷавонмардиҳои Кривко шикоят карда будам, вале шумо чорае наандешидед?!
-Ман он вақт шикояти туро санҷиданӣ шудам, вале командири ротаатон ба ман гуфт, ки Қӯлдошев нисбат ба зердастон зӯроварӣ мекунад, — гуфт Кочергин. Бахтиёр рафтори нисбат ба сарбози саркаш кардааш ва сари харак нишаста суҳбат карданашро бо Кривко ҳикоя кард.
-Он сарбоз ва капитан Кривко ҳар ду аз Украина, аз шаҳри Харкованд, — гуфт подполковник Кочергин ва бо ханда илова кард: пас ин ҳама подоши як торсакист, ки ба рӯи сарбоз фароварда будӣ!
Ҳайати иштирокдорони амалиёти охирин зиёда аз ду моҳ дар сари роҳҳои ин вилоят амнияти ҳаракати қувваҳои низомии аз Афғонистон хориҷшавандаи Иттиҳоди Шӯравиро таъмин карданд. Пас аз анҷоми амалиёт подполковник Кочергин шуҷоату матонат ва хизматҳои сержанти калон Қӯлдошев Бахтиёрро ба ҳисоб гирифта, ӯро ба дарёфти медали «Барои хизматҳои ҷангӣ» пешбарӣ намуд.
Ҳусейни Назрулло, «Садои мардум»