Соли 2014 — соли роҳи обод

№1 (3147) 01.01.2014

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати амалӣ намудани ҳадафҳои стратегии худ ҳар сол иқдомҳои некро амалӣ месозад. Ҷиҳати раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ соли 2013 дар мамлакат, аз ҷумла дар вилояти Суғд, корҳои бузург ба сомон расиданд.

Зикр намудан бамаврид аст, ки тайи солҳои охир дар Тоҷикистон 14 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи умумии 2,8 миллиард сомонӣ амалӣ шуда истодааст, ки дар натиҷа 1650 километр роҳҳо, 15 километр нақб ва зиёда аз 100 пул  таҷдид ва сохта мешаванд. Чунончӣ, тибқи ин лоиҳаҳо, таҷдиди роҳи автомобилгарди Айнӣ – Панҷакент амалӣ шуда истодааст, ки арзиши лоиҳавии он мутобиқи шартномаи баимзорасида 136 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Таҷдиди  роҳи  автомобилгарди  Душанбе-Хуҷанд-Бӯстон-Чанак ва сохтмони нақби Шаҳристон бо арзиши 296 млн. доллари  ИМА аз ҷониби Корпоратсияи сохтмони роҳ ва кӯпрукҳои Ҷумҳурии Халқии Хитой дар масофаи 354,1 км комёбии бузург ва таърихӣ арзёбӣ мегардад, зеро бо бунёди нақби  «Шаҳристон» яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат — раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ дар мамлакат таъмин гардид.

Зикр бояд дошт, ки танҳо тӯли ҳафт соли охир дар вилояти Суғд роҳҳои марказии шаҳрҳои Хуҷанд, Қайроққум, Чкалов, Исфара, Истаравшан, Панҷакент, Конибодом ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз ҳисоби ҳама сарчашмаҳо ба маблағи зиёда аз 85 миллион сомонӣ асфалтпӯш гардида, соли 2013 барои азнавбарқароркунии роҳҳои автомобилгарди дорои аҳамияти маҳаллӣ аз ҳисоби буҷети вилоят беш аз 40 млн. сомонӣ маблағ харҷ шуд.

Ҳамчунин дар соли 2013 ба муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳру ноҳияҳои вилоят, аз ҷониби Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон 8022,6 ҳазор сомонӣ ва ба маблағи 2568 ҳазор сомонӣ маводи истеҳсолӣ ҷудо гардид. Маблағ ва маводҳои истеҳсолии ҷудогардида асосан барои таъмиру нигоҳдории роҳҳои автомобилгард сарф шуд. Ба ғайр аз ин, барои таъмири асосии роҳҳои автомобилгарди шаҳру ноҳияҳои Исфара, Истаравшан, Айнӣ, Зафаробод, Спитамен ва Бобоҷон Ғафуров Мудирияти корхонаҳои сохташавандаи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон 500 ҳазор сомонӣ ва барои сохтмони кӯпруки Ширинсой дар роҳи автомобилгарди Хуҷанд – Зафаробод 1100 ҳазор сомонӣ ҷудо намуд.

Шаҳру ноҳияҳо низ ин ташаббуси ободкорӣ ва созандагиро, ки иқдомгузори он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ҳамаҷониба дастгирӣ намуданд.

Чунончӣ, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ барои сохтмони кӯпруки деҳаи Утоғар 43,5 ҳазор сомонӣ, шаҳри Панҷакент барои таъмири ҷории роҳҳо 50 ҳазор сомонӣ, шаҳри Исфара барои таъмири роҳҳо 30 ҳазор сомонӣ, шаҳри Чкалов 20 ҳазор сомонӣ, шаҳри Истаравшан 18,6 ҳазор сомонӣ, шаҳри Хуҷанд 71,7 ҳазор сомонӣ, хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ барои таъмири роҳҳои автомобилгарди байнихоҷагӣ 19,9 ҳазор сомонӣ ва соҳибкорони алоҳидаи шаҳру ноҳияҳо 260 тонна муми моеъ ҷудо намуданд.

Аз буҷети Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд барои таъмири 32,351 км роҳу кӯчаҳои шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Чкалов, Бобоҷон Ғафуров, Ғончӣ, Ашт, Спитамен ва Мастчоҳ қариб 40 миллион сомонӣ ҷудо карда шуд.

Мавриди зикр аст, ки барои таъмири роҳҳои автомобилгарди вилоят Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд» 12762 тонна асфалти гарм ба маблағи зиёда аз 4 миллион сомонӣ ҷудо намуд. Натиҷаи ин ободкориҳост, ки имрӯз вазъи роҳҳои нақлиётгарди шаҳру ноҳияҳои вилоят ба куллӣ беҳтар гардида, сокинонро рӯҳбаланд намудааст.

Ба наздикӣ ба вилояти Суғд як гурӯҳ меҳмонон аз вилояти Свердловски Федератсияи Россия сафари корӣ доштанд. Онҳо бо баёни тасаввуроти нек аз корҳои ободониву созандагӣ дар вилоят ҳамчунин зикр доштанд, ки вазъи хуби роҳҳои мошингард дар Тоҷикистон онҳоро ба ҳайрат овардааст, зеро то ҳанӯз бисёр қисмати роҳҳои мошингарди вилояти Свердловски Федератсияи Россия вазъи ҳузнангез доштааст.

Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ дар яке аз нахустин ҷаласаи кориаш пешниҳод намуд, ки Соли нави 2014 «Соли роҳи обод» эълон гардад.

- Ободии роҳҳо ободии диёрамон аст. Бояд, ки ба ободии ҳар як кӯча эътибор диҳем, — таъкид намуд Абдураҳмон Қодирӣ. Акнун ба ҷуз аз роҳҳои марказӣ, кӯчаву тангкӯчаҳо низ таъмиру тармим ва мумфарш мешаванд.

Ин иқдоми хуб боиси дастгирист ва боварӣ дорем, ки Соли нави 2014 низ ба диёри офтобии мо бо файзу баракати тоза ва нек ворид мегардад.

Мухтори АБДУЛЛО,  «Садои мардум»