Барои омӯзгорону кормандон ва донишандӯзони Коллеҷи тиббии шаҳри Истаравшан соли 2014 ниҳоят бобарор омад, зеро бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014 таҳти №148 собиқ омӯзишгоҳи тиббӣ ба Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Истаравшан» табдил дода шуд.
Бояд гуфт, ки саҳми ин таълимгоҳ дар тайёр кардани кадрҳои баландихтисос, мутахассисони зинаи миёнаи тиббии шаҳри Истаравшан, ноҳияҳои Шаҳристону Ғончӣ, Зафаробод, Спитамену Ҷаббор Расулов хеле калон аст.
Муассисаи мазкур соли 1966 ҳамчун филиали Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Ленинобод (ҳоло Хуҷанд) ба номи академик И.П.Павлов ифтитоҳ гардида, соли 1991 бо ташаббуси академик Ҳ.М.Саидмуродов, ки он вақт вазифаи муовини Сарвазири ҷумҳуриро ба уҳда дошт ва духтури шинохтаи шаҳри Истаравшан М.Ҳ.Фатҳуллоев ба омӯзишгоҳи мустақил табдил ёфта, тӯли ин муддат садҳо мутахассисонро омода сохтааст ва аксари онҳо имрӯз ҳам дар соҳаи тандурустии шаҳру навоҳии вилояти Суғд ва ҳам берун аз он ифои вазифа доранд. Қобили зикр аст, ки дар кори таълиму тарбия ва омода сохтани кадрҳо нақши собиқадорони коллеҷ, аълочиёни тандурустии СССР Акбар Бобохоҷаев, Саидмурод Валиев, Мирсафо Миршафиев ва шодравонҳо Абдуманнон Воҳидов ва Абдураҳим Қаюмов назаррас мебошад.
Дар ин таълимгоҳ имрӯз се шуъба- кори ҳамширагӣ, беҳдошти вогиршиносӣ ва кори лабораторӣ амал мекунад, ки дар онҳо мутахассисони миёнаи соҳаи тандурустӣ, ҳамшираҳо ва бародарони шафқат, ёрдамчиёни эпидемиологҳо ва таҳлилгарони ташхиси лабораторӣ тайёр карда мешаванд.
-Шумораи умумии донишҷӯён дар коллеҷи мо вобаста ба талабот сол ба сол меафзояд. Масалан, агар соли хониши 2011-2012 ин шумора 615 нафарро ташкил медод, имсол он ба 1017 нафар расидааст. Дар соли нав ният дорем шуъбаҳои нави стоматологӣ, дорусозӣ ва момодоягӣ кушоем,-мегӯяд сарвари муассиса Аскарҷон Раҳимов. — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар Паёми хеш оид ба беҳтар кардани сифати таълиму тарбияи кадрҳои соҳаи тиб дастуру супоришҳои мушаххас медиҳанд.Аз ин рӯ, ҷомеаи меҳнатии Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Истаравшан», қабл аз ҳама, таваҷҷуҳи хосаро ба масъалаи тарбияи кадрҳо, омода намудани мутахассисони миёнаи тиббӣ равона кардааст. Барои ин кор мо дар коллеҷ шароити омӯзиш ва истифодаи ҳама намудҳои техникаву технологияи ҳозиразамонро муҳайё кардаем. Дар пояи беморхонаи марказии шаҳр ва зерсохторҳои он ҳамчунин 35 адад синфхонаҳои фаннии муҷаҳҳаз бо тамоми лавозимоти зарурии тиббӣ дорем.
Гузашта аз ин, мо ба таълими забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла русию англисӣ, эътибори ҷиддӣ медиҳем, — мегӯяд Аскарҷон Раҳимов.
-Иштироки устодону донишҷӯёни коллеҷ дар корҳои илмӣ низ назаррас аст,-мегӯяд муовини роҳбари муассиса оид ба тарбия Абдуҷаббор Боризоев. — Ман сарвари коллеҷ Аскарҷон Раҳимовро хуб мешиносам. Ӯ пас аз хатми Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино чандин сол аст, ки ба ҳайси духтури осебшинос ва мудири шуъбаи осебшиносӣ ва раддодии байниноҳиявӣ кор мекунад. Инак, наздик ба чор сол аст, ки роҳбарии ин коллеҷро ба уҳда дорад. Тӯли ин муддат бо такопӯ ва кӯшишу пойфишориҳои ӯ дар муассиса кори зиёди ободонию созандагӣ сурат гирифт.
Мо аз дастгирии ҳамешагии вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Салимзода, вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Нуриддин Саид ва раиси шаҳри Истаравшан, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳуриии Тоҷикистон И.Ғ. Абдуллозода хеле сипосгузорем. Масалан, коллеҷ дар тамоми таърихи мавҷудияташ даромадгоҳи худро надошт. Рафтуо ба воситаи роҳи гимназияи №5 ба номи академик Раҷаб Амонов сурат мегирифт. Хушбахтона, бо дастгирии ин мардони наҷиб мо имсол соҳиби сертификати истифодабарии замин ва роҳи даромади алоҳида ба муассиса шудем. Худи ҳамин сол ин роҳро ба масоҳати як ҳазору 900 метри мураббаъ асфалтпӯш кардем. Гузашта аз ин, бо дастгирии сардухтури беморхонаи марказии шаҳр ва сарвари КАТС (кумаки аввалияи тиббию санитарӣ) Собирҷон Акрамов ва Муътабар Раҳматова дар бинои собиқ беморхонаи бемориҳои пӯст се ҳуҷраи алоҳида ба даст овардем ва онҳоро пурра таъмиру таҷдид карда, бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин намудем. Дар натиҷа, шумораи синфхонаҳои таълими амалии мо боз се адад зиёд шуд. Ҳамчунин ба масофаи як километр аз идораи обу корези шаҳр хатти оби нӯшокӣ кашидем, ки дар натиҷа масъалаи танқисии об аз байн рафт. Барои захираи об як ҳавз сохта, мавриди истифода қарор додем. Дар соли нави 2015 нақшаҳои зиёд дорем. Ҳоло барои донишҷӯён бинои нави ошхона сохта истодаем, — иброз дошт сарвари таълимгоҳ Аскарҷон Раҳимов.
Ҳусейни Назрулло, «Садои мардум»