Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соли таҷлили бистумин солгарди қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Тоҷикистони соҳибистиқлол рост омад, ки ҳуҷҷати муҳиму тақдирсоз маҳсуб меёбад. Қонуни асосии кишвар дар асоси иродаи мардум тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардида, сохти давлатдории тоҷиконро соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона муайян намуд. Бо қабули ин ҳуҷҷати тақдирсоз пеши роҳи бесарусомониҳо дар мамлакат гирифта, соҳибихтиёрии давлат ҳифз шуд ва Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақили дорои низоми мукаммали сиёсиву ҳуқуқӣ ба ҷаҳониён муаррифӣ гардид.
Дар Паёми имсола ба масоили Истиқлолияти давлатӣ, Ваҳдати миллӣ, арзиши олӣ доштани ҳуқуқ ва озодиҳои ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ, таҳкими давлати демократию ҳуқуқбунёд ва амалӣ намудани се ҳадафи стратегии давлат- истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ диққати махсус дода шудааст. Бинобар ин, баҳри расидан ба ин мақсадҳои наҷиб роҳи дар ҳафт соли охир тайнамудаи мамлакат таҳлил шуда, дурнамои ҷомеа муайян гардид.
Дар асоси барномаҳои илман асосноккардашуда ривоҷ додани иқтисодиёти кишвар барои пешрафти хоҷагии халқ такони ҷиддие расонида метавонад. Аз тарафи дигар, барои ривоҷи иқтисодиёт истифодаи сармояи хориҷӣ низ нақши калон мебозад. Бо устувор гардидани вазъи сиёсиву иҷтимоии мамлакат сол то сол раванди ҷалби сармоя зиёд гардида истодааст. Алҳол самаранокии бозори меҳнат беҳтар гардида, соҳибкорӣ ривоҷ ёфта истодааст, ки ин боиси зиёд гардидани истеҳсоли маҳсулот мегардад. Вале эътироф бояд кард, ки соҳибкории истеҳсолӣ нисбат ба соҳибкории тиҷоратӣ сусттар инкишоф ёфта истодааст. Ин дар ҳолест, ки аз тарафи давлат ба соҳибкорон имтиёзҳои зиёд пешниҳод шудааст.
Дар асоси нишондодҳои Паём бо истифода аз ашёи хоми ватанӣ ривоҷ додани соҳибкории истеҳсолӣ ва ғанӣ сохтани Буҷети ҷумҳурӣ дар назар дошта шудааст.
Истиқлолияти энергетикӣ яке аз ҳадафҳои муҳими сиёсати давлатӣ ба ҳисоб рафта, дар Паёми Президент омадааст, ки рушди ояндаи иқтисодиёти кишварамон ба бунёди иқтидорҳои нави истеҳсоли қувваи барқ вобастагии калон дорад. Инкишофи босуботи ин соҳаи ҳаётан муҳим ба ҳаёти иҷтимоии мардум низ таъсири назаррас расонида метавонад. Ба ҳамин мақсад Ҳукумати ҷумҳурӣ барои истифодаи дурусти захираҳои энергетикӣ чораҳои зарурӣ андешида истодааст.
Ҳамагон шоҳиди бевоситаи он ҳастем, ки баъди Истиқлолияти давлатиро ба даст овардан дар ҷумҳурӣ бунёди нақбҳо ва роҳу пулҳои нав бунёд гардида, чор фасли сол ба тамоми минтақаҳо шароити рафтуомад муҳайё шуд. Дар мамлакат бо сохтани роҳҳои дохилию берунӣ масъалаи аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани кишвар ҳалли худро ёфт.
Дар Паём баҳри ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ диққати махсус дода шудааст ва давлат барои зиндагии сазовори шаҳрвандон заминаҳои устувори иҷтимоиву иқтисодиро фароҳам овардааст. Сатҳи камбизоатӣ дар соли 2013 аз 38,3 ба 35,6 фоиз коҳиш ёфта, дар назар аст, ки то соли 2015 то 30 фоиз паст карда шавад. Бо ғанӣ гардидани Буҷети ҷумҳурӣ ҳамасола сатҳи ҳифзи иҷтимоии мардум низ беҳтар гашта истодааст. Андозаи маош, нафақа ва идрорпулии донишҷӯён зиёд гардида, ятимону маъюбон, шахсони бепарастор, оилаҳои камбизоат, собиқадорони меҳнат зери таваҷҷуҳ ва ғамхории доимии давлат қарор доранд.
Инкишофи босуботи ҳама манотиқи кишвар яке аз масъалаҳои муҳим ба ҳисоб меравад. Дар Паём омадааст, ки барои ҳалли ин масъала барномаҳои рушди минтақаҳои ҷумҳурӣ таҳия шуда, дар асоси онҳо ободонии тамоми ҷумҳурии азизамон ба роҳ монда мешавад.
Таҳкими низоми идоракунии давлатӣ яке аз рукнҳои асосии пешбурди ҷомеа ба ҳисоб меравад. Дар Паём зикр шудааст, ки рушди ҷомеа тақозои онро дорад, ки дар идоракунии давлатӣ бештар ҷавонон ва занон ҷалб карда шаванд.
Хуллас, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷассуми ватандорӣ буда, нангу номуси миллат дар он баръалост.
Абдураҳмон ҚОЗИЕВ, сармутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Дастгоҳи раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ