Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш аз 26 апрели соли 2013 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастовардҳои ҳафтсолаи кишварро дар ҳама соҳаҳои хоҷагии халқ мавриди таҳлилу баррасии амиқ қарор дода, вазифаҳои минбаъдаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои зертобеи онро мушаххас намуданд. Дар асоси он: «Сиёсати давлати Тоҷикистон дар ин марҳила ба он равона карда мешавад, ки тавассути фаъолияти самараноки тамоми сохтору мақомоти давлатӣ барои ҳар як шаҳрванди кишвар шароити арзандаи зиндагӣ таъмин карда шавад».
Бо мақсади огоҳӣ ёфтан аз иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ин санади сарнавиштсоз бармеояд ва шинос шудан бо натиҷаҳои ҷамъбасти сол мо бо раиси шаҳри Истаравшан, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Иброҳим Ғоибназарович Абдуллоев суҳбат доштем.
- Дар Паёми Сарвари давлат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин омадааст: «Ҳифзи содиқонаи манфиатҳои милливу давлатӣ, аз тамоми манфиатҳои дигар болотару афзал донистани манофеи давлату миллат, саъю талоши пайгирона ба хотири таҳкими пояҳои давлати соҳибистиқлоли миллӣ, чун неъмати бебаҳо ҳифз кардани соҳибихтиёрии Ватан, сулҳу суботи иҷтимоӣ, амнияти давлат ва ҷомеа, Ваҳдати миллӣ ва тақвияти иқтидори иқтисодии давлат вазифаи ҷонӣ ва қарзи виҷдониву имонии ҳар яки мову шумо — аъзои Ҳукумат, вакилони халқ, роҳбарону масъулони идораҳо ва умуман тамоми халқи Тоҷикистон мебошад», -гуфт раиси шаҳри Истаравшан Иброҳим Ғоибназарович ва ба суханонаш идома дод:
- Дар соли 2013 афзоиши бемайлони нишондиҳандаҳои асосии иқтисодӣ ва андешидани тадбирҳо ҷиҳати боз ҳам ғанӣ гардонидани даромадҳои буҷети давлатӣ имкон дод, ки нақшаи даромадҳои он дар ҳама самтҳо барзиёд ва босифат таъмин гардад.
Нақшаи қисми даромади буҷети давлатӣ ба андозаи зиёда аз 100 фоиз таъмин шуда, ба он 88 млн. 511 ҳазор сомонӣ маблағ ворид гардид, ки аз нақшаи тасдиқгардида 56 ҳазору 900 сомонӣ зиёд мебошад.
Баҳри таҳким бахшидани хусусияти иҷтимоии буҷети давлатӣ, ҳамчун яке аз соҳаҳои афзалиятнок, дар ин давра аз буҷети маҳаллии шаҳр ба соҳаҳои маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва фарҳанг беш аз 53 млн. 557 ҳазор сомонӣ маблағҳо равона шуданд, ки 91,7 фоизи хароҷоти умумии буҷети шаҳрро ташкил медиҳад.
Дар ин давра рушди устувори иҷтимоию иқтисодии солҳои охир дар шаҳр бевосита ба афзоиши савдои чакана ва хизматрасонии пулакӣ таъсири мусбат расонидааст. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки бозори истеъмолии шаҳр дар оянда низ аз ҳисоби афзоиши ҳаҷми истеҳсоли молҳои истеъмолӣ, хизматрасонии пулакӣ, инчунин аз ҳисоби афзоиши ҳаҷми воридот таъмин мегардад.
Ҷиҳати беҳтар намудани таъмини аҳолии шаҳр бо молҳои аввалиндараҷа, баланд бардоштани самаранокии фаъолияти корхонаҳои соҳаи савдо ва хизматрасонӣ дар шаҳр тадбирҳои зарурӣ андешида шуданд.
Ҳаҷми умумии сармоягузорӣ ба соҳаҳои иқтисодиёти хоҷагии халқи шаҳр аз ҷониби тамоми субъектҳои сармоягузории хориҷиву ватанӣ 15,36 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод.
Дар соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр ҷараёни татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ аз рӯйи панҷ намуд барномаҳо амалӣ гардида истодааст.
Бояд қайд кард, ки ҷиҳати иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2012 таҳти №608 «Дар бораи Барномаи давлатии сармоягузорӣ барои солҳои 2013-2015» вобаста ба ҳавасмандгардонӣ ва дастгирии давлатии сармоягузорӣ бо роҳи пешниҳоди лоиҳаҳои инвеститсионӣ дар соли 2013 аз тарафи роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд се лоиҳаи дар шаҳр амалишаванда, аз зумраи барқарорсозии системаи канализатсияи шаҳр ба маблағи 2967,0 ҳазор доллари амрикоӣ, беҳтар намудани системаи обтаъминкунии микрорайони 9-ум ба маблағи 222,3 ҳазор доллари амрикоӣ ва таъмири асосии роҳи автомобилгарди Истаравшан-Уяс-Зафаробод ба маблағи 2262,8 ҳазор доллари амрикоӣ ба барномаи мазкур ворид карда шуд.
Инчунин тибқи Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид «Оид ба рушди иқтисодиёти деҳот» бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд барои таъминоти оби полезии деҳаҳои маҳаллаи Ясӣ, Қалъачаи Гули Зард, Ваҳдат ва Ниҷонӣ ба маблағи 163,5 ҳазор доллари амрикоӣ ҷудо гардид.
Кишоварзон бошанд, тибқи дастуру супоришҳои Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба таъмини амнияти озуқаворӣ софдилона меҳнат карда, соли 2013 дар ҳама шаклҳои хоҷагидорӣ ба маблағи 409 млн. 870 ҳазор сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол намуданд ва афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли 2012-ум 110,8 фоизро ташкил дод.
Дар ин давра бо мақсади рушди минбаъдаи соҳаи боғу токпарварӣ, ба роҳ мондани бунёди боғу токзорҳои нав, афзун намудани парвариши ниҳолҳои дарахтони мевадиҳандаю ҳамешасабз ва амалӣ гардонидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 августи соли 2010 таҳти №683 «Дар бораи тадбирҳои иловагӣ доир ба рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2014» корҳои муайян ба сомон расид.
Бо мақсади афзун намудани парвариши токзору ниҳолҳои дарахтони мевадиҳанда ва ҳамешасабз соли гузашта 152 гектар бунёд ва 35 гектар барқарор намудани боғу токзорҳо ба амал бароварда шуд, ки ин заминаи хубест барои зиёд намудани истеҳсоли ангур ва дигар намуди меваҳо.
Соли сипаригардида истеҳсоли картошка дар ҳама шаклҳои хоҷагидории шаҳр 44 ҳазор тонна, сабзавот 61 ҳазор тонна, мевагиҳо 5 ҳазор тоннаро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2012 хеле зиёд мебошад.
Бо мақсади истеҳсоли маҳсулоти хушсифату ба рақобат тобовар ба Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Илҳом» барои истеҳсоли равғани растанӣ ба маблағи 67000 доллари ИМА, ба Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Пӯлод Комилов» барои истеҳсоли зарфи обҳои нӯшокӣ ба маблағи 57 ҳазор сомонӣ ва ба Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Покиза» бо мақсади истеҳсоли равғани растанӣ ба маблағи зиёда аз 250 ҳазор сомонӣ таҷҳизот ворид карданд.
Дар Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Элитаи Истаравшан» таҷҳизоти замонавӣ оид ба истеҳсоли афшура ба миқдори 854 ҳазору 820 доллари ИМА васл карда шуд. Барои соҳаи истеҳсолӣ соҳибкорони шаҳр ба маблағи 921 ҳазору 820 доллари ИМА ва 307 ҳазор сомонӣ таҷҳизоти замонавӣ ворид карданд.
Сохтмончиён дар ин давра 21 иншоооти гуногуни ҳаётан муҳим, нуқтаҳои маданӣ-маишӣ, муассисаҳои таълимиро ба истифода доданд. Эътибори асосии сохтмончиён ба истифодаи маҳсулоти сохтмони замонавӣ бо дизайнҳои нав нигаронида шудааст.
Дар соли 2013 бо қарорҳои раиси шаҳр 244 оилаи эҳтиёҷманд бо қитъаи замини наздиҳавлигӣ таъмин гардид, ки масоҳати замини ҷудогардида, ба истиснои инфрасохторҳои муҳандисӣ, 16,25 гектарро ташкил медиҳад.
Тӯли ин муддат дар соҳаҳои иҷтимоиёт, маориф, фарҳанг, тандурустӣ ва самтҳои дигари марбут ба ин сохторҳо низ пешравиҳои муайян ба назар расид.
Бо маблағгузории ҳамаи сарчашмаҳо дар шаҳру деҳот 14 иншооти соҳаи маориф иборат аз 45 синфхона барои 2796 нафар хонанда сохта ба истифода дода шуд.
Дар деҳаҳои Тӯда ва Сӯфӣ Ориф ду мактаби нави замонавӣ ва дар деҳаи Қалъаи Баланд 10 синфхона барои 250 нафар хонанда мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.
Бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят сохтмони бинои нави мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №41-и деҳаи Навгандаи деҳоти «Зарҳалол» ва бо маблағгузории Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои нави мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №11-и деҳаи Равғангарони деҳоти «Гули Сурх»-и шаҳри Истаравшан бомаром идома доранд, ки то соли хониши нав ба истифода дода мешаванд.
Дар ин давра бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, мақомоти маҳаллӣ, ташкилотҳои байналхалқӣ, соҳибкорон ва бо тариқи ҳашар дар муассисаҳои тиббии шаҳр як қатор иншооти соҳаи нигоҳдории тандурустӣ ба истифода дода шуд. Дар иншоотҳои дигар корҳои сохтмонию таъмирӣ иҷро гардиданд.
Бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар қисмати дуюми шуъбаи таваллудхонаи беморхонаи шаҳрӣ корҳои сохтмонӣ пурра ва бо сифати баланд ба анҷом расида, ба истифода супорида шуд. Дар бинои мазкур чор шуъбаи бемориҳои бачагона ҷойгир гардида, утоқҳои он пурра бо таҷҳизот ва лавозимоти тиббӣ таъмин гардид.
Бо мақсади солимгардонии аҳолӣ ва истироҳати бофароғати мардум осоишгоҳҳои муосири «Авис-сити», «Авитсенаи Истаравшан» «Ӯротеппа» ва «Ҳовотоғ» фаъолияташонро бомаром идома медиҳанд. Лозим ба ёдоварист, ки осоишгоҳҳо бо таҷҳизоти нави замонавии табобатӣ муҷаҳҳаз буда, бо усулҳои муосири хизматрасонии тиббӣ ба истироҳаткунандагон хизмат мерасонанд.
Соҳаи варзиш дар маркази фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ қарор дорад. Соли 2013 варзишгарони шаҳр дар 21 чемпионат ва мусобиқаҳои вилоятӣ, 8 ҷумҳуриявӣ ва 4 чемпионати ҷаҳон, Осиё, Осиёи Марказӣ ва мусобиқаҳои дигари байналмилалӣ иштирок намуда, 548 медали тилло, нуқра ва биринҷӣ ба даст оварданд. Дастаи футболи Истаравшан дар лигаи олии кишвар баромад намуд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро, ки ҳадафи асосии он ба низом даровардани баргузории тӯю маъракаҳо, гирифтани пеши роҳи исрофкориҳо мебошад, мавриди таваҷҷуҳи аввалиндараҷа қарор додааст.
Айни замон як бахши танзими анъана ва ҷашну маросимҳои мардумӣ ва оид ба корҳои дин, даҳ нафар сармутахассисон дар ҷамоатҳои деҳот, комиссияи доимии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот ва 296 комиссияи ҷамъиятӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳои мардумӣ дар ташкилоту муассисаҳо ба ҷараёни татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» назорат мебаранд.
- Дар давлати ҳуқуқбунёд риояи қонун ва тартиботи ҷамъиятӣ аҳамияти хоса дорад. Дар ин давра нисбати мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, пешгирии ҳар гуна қонуншиканиҳо, таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон як қатор корҳои муайян анҷом дода шуданд,-иброз менамояд Иброҳим Ғоибназарович. — Бо мақсади пешгирии зуҳуроти номатлуб, шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна равияҳои ифротгарову тундрав, решакан намудани терроризму экстремизм ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии сокинон, хоса ҷавонон, бо иштироки роҳбарияти шаҳр, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, зиёиён, уламои дин дар ҷамоатҳои деҳот ва кумитаҳои маҳаллахонаҳо ва кормандони самти тандурустӣ, маориф, занон ва ҷавонон мулоқотҳои раиси шаҳр ташкил ва гузаронида мешаванд.
Дар пешравии хоҷагии халқи шаҳр дастгирии мунтазами Сардори давлат, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯҳбаландӣ аз нақшаҳои бунёдкоронаи Сарвари давлат дар Паёмҳояшон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсири амиқ расонид.
Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум»