Бо мақсади ошноӣ пайдо кардан бо вазъи табобату нигаҳдошти саломатии афсарону сарбозони Гарнизони Суғди Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кору рӯзгори табибони госпитали ҳарбии ин гарнизон бо сардори қисми тиббии госпитали ҳарбӣ, подполковники хизмати тиб Маъмурҷон Неъматов ҳамсуҳбат шудам.
Маълум гардид, ки ӯ дастпарвари Академияи тиббӣ-ҳарбии Федератсияи Россия буда, аз соли 2003 дар ин ҷо ифои вазифа дорад. Ӯ дар ибтидо сардори шуъбаи бемориҳои пӯст ва зуҳравӣ, аз соли 2007 то имрӯз муовини сардори госпитал – сардори қисми тиббӣ буд.
- Госпитали ҳарбии Гарнизони Суғди Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон 13 июни соли 1995 ташкил ёфта, аз моҳи майи соли 1996 фаъолият карда истодааст. Яъне, имсол ин госпитал 20-сола мешавад, — сухан оғоз кард Маъмурҷон Неъматов. Вазифаҳои асосии госпитали ҳарбии Гарнизони Суғд аз расонидани ёрии тиббӣ ба хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои оилаи онҳо, расонидани ёрии тиббии амбулаторӣ дар шароити дармонгоҳ, мадади тиббӣ ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, муҳофизони сохти конститутсионӣ, иштирокдорони муҳорибаҳои Афғонистон ва шахсони ҳуқуқашон ба онҳо баробаркардашуда, расонидани ёрии тиббӣ ва амалӣ ба бунгоҳҳои тиббии қисмҳои ҳарбии Суғд, ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои пешгирикунандаи бемориҳо ва корҳои табобатию профилактикӣ дар қисмҳои ҳарбӣ, баланд бардоштани ихтисоси касбии духтурон ва ғайра иборат мебошад.
Госпитали мазкур дорои шуъбаҳои қабул, дармонгоҳ, ҷарроҳӣ, касалиҳои дарунӣ, асаб, сирояткунанда, пӯст, хадамоти ёрирасон, шуъбаи физиотерапевтӣ, утоқи рентгенӣ, ултрасадо, ҳуҷраи дандон, шуъбаи санитарию эпидемиологӣ, дорухона ва хадамоти ақибгоҳ мебошад.
Бояд гуфт, ки тартиботи низомӣ дар ҳамаи нуқтаҳои ин муассиса ба таври ҷиддӣ ба роҳ монда шудааст. Дар саҳни ҳавлӣ, даромадгоҳҳо, роҳравҳо намунаҳо аз муқаддасоти кишвар, суханҳои ҳикматнок, иқтибосҳо аз уҳдадориҳои ҳарбӣ, шиору овезаҳои талқинкунанда ба хизмати Ватан ва дӯстдории он насб шудаанд.
Аз суҳбат бо сарвари госпитал, полковники хизмати тиббӣ Раҳмоналӣ Раҷабов дарёфтам, ки ӯ марди таҳсилдида, таҷрибадор ва кордон аст. Дастпарвари Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва Академияи тиббӣ-ҳарбии Федератсияи Россия мебошад.
- Дар кори таъсис, ободонӣ, таҷҳизонидани муассиса собиқ сарварони он — полковникҳои хизмати тиббӣ Ғайрат Худойдодов, Муъминҷон Дадобоев, Зафар Баротов, муовинони онҳо подполковникҳои хизмати тиббӣ Фозилҷон Қурбонов, Акбар Тураев, Одил Ҳодибоев саҳми босазо гузоштаанд, — гуфт зимни суҳбат Раҳмоналӣ Раҷабов.
Имрӯз мо анъанаи хуби эшонро ҷиҳати пешравии соҳаамон идома дода истодаем ва кӯшиш дорем, ки сатҳи дониши касбии ҳайати кормандони госпиталро баланд бардорем. Дар робита ба ин масъала Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин зикр намуданд: «Ҳукумати мамлакат дар сиёсати иҷтимоии худ навсозиҳои соҳаи тандурустиро идома дода, маблағгузории соҳаро дар соли 2015 нисбат ба соли гузашта 10 фоиз зиёд пешбинӣ намудааст.Соли 2014 шароити инфрасохтори соҳаи тандурустӣ хеле беҳтар гардида, кумакҳои аввалияи тиббию санитарӣ тавсеа ёфтанд.
Бо вуҷуди ин, бояд гуфт, ки таъмини муассисаҳои тандурустӣ бо кадрҳои баландихтисос, сатҳи дониши касбии хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти оливу миёнаи тиббӣ, аз ҷумла доир ба истифодаи таҷҳизоти ҳозиразамони тиббӣ ва ташхису табобати як қатор бемориҳо беҳбудиро тақозо мекунад».
- Мо -табибон баҳри иҷрои ин дастуру супоришҳои Сарвари давлатамон тамоми чораю тадбирҳои заруриро меандешем. Сатҳу сифати хизматрасонии тиббиро беҳтар намуда, дар бобати пешгирии ҳар гуна бемориҳо, дарёфти тарзу усули манфиатбахши табобат чораҷӯйиҳо мекунем, — зикр кард дар анҷоми суҳбат Раҳмоналӣ Раҷабов.
Ҳусейни Назрулло, «Садои мардум»