ё шаммае аз бунёдкориҳои ҳашарчиёни шаҳри Истаравшан
Зи қабристон гузар кадам каму беш,
Бидидам гӯри сарватманду дарвеш.
На дарвеше зи дунё бекафан рафт,
На сарватманд бурд аз як кафан беш…
Хурд будему чун дар мактаби миёнаи рақами 3-юми шаҳри Ӯротеппа (ҳозира Истаравшан) таҳсил мекардем, боре дар дарси таърих устоди шодравонамон Абдураҳмон Юнусов ҳангоми таълими мавзӯи «Юриши Искандари Мақдунӣ ба Осиёи Миёна» ривоятеро аз як лаҳзаи рӯзгори ин лашкаркаши ҷаҳонкушо нақл карда буд. Мувофиқи ин ривоят, гӯё Искандари Мақдунӣ қабл аз вафоташ дар бозгашт дар роҳи Ҳиндустон ба надимонаш чунин васият карда бошад: «Ҳангоми ҷасади маро дар гӯр мондан як дастамро аз он берун гузоред, то мардумон бифаҳманд, ки Искандари Мақдунӣ бо вуҷуди ҷаҳонкушоиву тасхири беш аз ними олам бо худ ба гӯр чизе набурдааст».
Ин ривоят маънои онро дорад, ки ягон кас ба манзили охират ба ҷуз як кафан, ки ҳамон ҳам, агар насиб кунад, чизи дигаре нахоҳад бурд ва мардумон бояд дар умри кӯтаҳи худ фақат некиву накукорӣ ва ободкориро пеша кунанд, хоса манзили охирати рафтагонро поку обод нигаҳ доранд, зеро роҳи ҳама дар фарҷом ба ҳамин водии хомӯшон аст.
Сӣ-чил сол пештар дар шаҳри Истаравшан анъанае мавҷуд буд, ки дар ҳафтаи аввали ҳулули Наврӯзи Аҷам, ки онро мардумони ин бостоншаҳр «Иди сари сол» низ меноманд, ҳамагон дастаҷамъона ба қабристонҳо рафта, болои гӯрҳо ва атрофи онҳоро аз хору хас тоза мекарданд, дару дарвозаҳои онро ба тартиб меоварданд, деворҳои афтодаи онҳоро таъмир мекарданд ва ба ҳамин васила тӯшаи зиндагонро ба аҷдоди аздунёрафта пешкаш намуда, поси хотирашонро нигаҳ медоштанд.
Мутаассифона, минбаъд ин анъана кам-кам аз байн рафт. Одамон ба сохтмону зеб бахшидани танҳо хонаву манзилҳои зисташон дода шуданду як муддат манзилгаҳи охирати гузаштагон гӯё ба гӯшаи фаромӯшӣ рафт. Дар натиҷа, дару деворҳои қабристонҳо харобу ин мавзеъҳо ба чарогоҳи чорво мубаддал шуд.
Хушбахтона, ҳамин анъанаи нек ба шарофати як идда мардони накукору ободсоз порсол дар ин шаҳри бостонӣ аз нав эҳё гардид. Як идда қабристонҳои ҳудуди шаҳр, аз ҷумла Оромгоҳи гузари Тал, ки яке аз калонтарин ва куҳантарин қабристонҳои шаҳр ба ҳисоб рафта, дар он гузаштагони беш аз даҳ маҳаллаи калон хок шудаанд, аз нав обод гардид.
Аввали моҳи октябри соли 2013 дар шаҳри Истаравшан аз ҷониби Далер Ҳасанов ном ҷавонмарди соҳибкор оғоз шудани корҳои сохтмониро дар қабристони гузари Тал шунидаму роҳ сӯйи он пеш гирифтам. Дар он ҷо 10-15 нафар ҷавонон белу панҷшоху каланд дар даст ба ҷамъоварии алафу растаниҳои хушкидаи қабристон машғул буданд. Чашмам ба чанд тан аз фаъолони шаҳр, ба мисли раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр ҳоҷӣ Абдуваҳҳоб Қаюмов, раиси кумитаи маҳаллаи ба номи Айнӣ Султонхӯҷа Воҳидов, корманди масъули ҳокимияти маҳаллӣ ҳоҷӣ Сайфулло Файзуллоев ва Дӯстмуҳаммад Сабуров афтод, ки дар як гӯша бо як ҷавонмарди 30-32- сола суҳбат доштанд. Маълум шуд, ки ҷавонмард Далер Ҳасанов ном доштаасту аз гузари Гумбази шаҳр буда, тайи чанд соли охир дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия ба тиҷорат машғул будааст.
- Бисту панҷуми августи соли гузашта модарам бандагиро ба ҷо оварданду ба дафнашон ҳозир шудам. Лекин вазъи ногувори қабристон ҳоли бе ин ҳам вазнини маро вазнинтар кард. Хаёлам ба оромгоҳҳои шаҳри Москва рафт. Русҳо манзили охирати пайвандонашонро хеле ободу зебо нигоҳ медоранд. Мардумон ба он ҷо на танҳо ба зиёрат, балки чипта харида, ба тамошо мераванд. Ба ҳамшаҳриёни мо чӣ шудааст, ки гӯристонро ба чунин ҳоли ногувор овардаанд?- бо риққат гуфт ҷавонмард ва ба суханонаш илова кард:
-Аз ин рӯ, бо додарам Ҷасур Ҳасанов ва тағоямон Акбар Аслонов маслиҳат кардему ният дорем, ки ҳеҷ набошад, даромадгоҳи оромгоҳро ба тартиб оварда, ақаллан ҷойи дуою фотиҳа аз нав сохта, ба тартиб орем.
Ташаббуси наҷиби ин ҷавонмардон дар дили фаъолони шаҳр низ як навъ гармӣ ба вуҷуд овард ва худи ҳамон рӯз фаъолон ибтикори ҷавононро дастгирӣ намуда, маслиҳат карданд, ки минбаъд ҳамчун гурӯҳи ташаббускор ба сокинони шаҳр ва фаъолон муроҷиат мекунанд, то ин иқдоми нек дастгирӣ ёбад. Ба қароре омаданд, ки Далер Ҳасанов бо истифода аз маблағи хеш корҳои сохтмонии таҳкурсии деворҳои харобгардидаи қабристонро оғоз мекунад ва фаъолони шаҳр аҳли ҷамоатчигиро ба ин кор сафарбар менамоянд.
Минбаъд бо ин мақсад онҳо тавассути телевизиони маҳаллӣ корҳои дар қабристон оғозёфтаро ба мардум нишон дода, муроҷиат ба амал оварданд, ки дар кори савоби ободонии қабристонҳо ҳамагон саҳм бигиранд. Ин муроҷиат минбаъд аз ҷониби имом-хатибони масоҷиди ҷомеи шаҳр низ ба намозгузорон расонда шуд. Ба кори сохтмончиён, ки андаке нагузашта сафашон хеле афзуд, тағои Далер Ҳасанов — Акбар Аслонов сарварӣ кард. Аз хӯрду хӯроки сохтмончиён бохабар шуд.
Муроҷиат дар шаҳр ҳаматарафа дастгирӣ ёфт, аз ҷумла раиси шаҳри Истаравшан Абдуллозода Иброҳими Fоибназар низ якчанд маротиба ба ҳашаргоҳ рафта, аз ҷараёни кор ва ҳоли ҳашарчиён хабар гирифт, ба онҳо миннатдорӣ изҳор кард.
Ҳамин тавр, атрофи қабристон ба дарозии зиёда аз 50 метр бо девори зебои таҳкурсиаш аз сангу болояш аз хишт қомат афрохт. Ҳашарчиён аз роҳи байни қабристон партовҳои зиёдеро бароварда ҷойҳои лозимиро бо грейдер ҳамвор карданд. Дар ин кори хайру савоб сокинони маҳаллаҳои Ӯротеппа, Айнӣ, Имоми Аъзам, Баротбеков, соҳибкорони баору номуси шаҳр- Бозор Юсуфов, Илҳом Шарифов, Раҳимҷон Юсуфов, ҳоҷӣ Раҳим Юсуфови рангфурӯш, Солиҷон Абдуҷабборов ва даҳҳо дигарон саҳмгузорӣ намуданд.
Ҳоло корҳои ободонӣ дар қабристонҳои шаҳри Истаравшан пурра ба анҷом нарасидааст.
-Нақша дорем, ки бо фарорасии фасли баҳор ва Наврӯзи оламафрӯз корҳоро идома медиҳем. Дар қабристони Тал аз ду тарафи маҳаллаи Имоми Аъзам ва Зовуди Хишт ду арк бунёд карда, ба он «Оромгоҳи Тал» ном мегузорем. Дар дигар тарафи қабристон низ айвон месозем, албатта бо ҷойҳои нишасташ,-мегӯяд талқингару раҳнамои ин ташаббусҳо Акбар Аслонов.
Дар маҷлиси фаъолони шаҳр, ки 12 январи соли равон барпо гардид, бо ташаббуси раиси шаҳри Истаравшан, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Иброҳими Fоибназар «355 рӯзи ободонӣ ва кабудизоркунӣ дар шаҳр» эълон шуд.
Муроҷиатномаи мазкур дар кори ободонӣ такони ҷиддӣ гардид.
Бо ҳулули Наврӯзи оламафрӯз, ки ҳоло бо ташаббуси Сарвари оқилу донои мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҷаҳонӣ шудааст, идома додани ободии қабристонҳо дар шаҳри Истаравшан амали хеле хайру савоб, гузашта аз он, иҷрои яке аз суннатҳои қадимаи ин ҷашни муборак- Наврӯзи хуҷистафол ба ҳисоб меравад. Ташаббускорони ин кори хайрро месазад ҳаматарафа дастгириву ҳавасманду ташвиқ намоем. Месазад, ки таҷрибаи истаравшаниҳо мавриди омӯзишу татбиқи сокинони дигар шаҳру навоҳии кишвар гардад.
Ба қавле ташаббускори ин ободкориҳо ронандаи одӣ, сокини маҳаллаи Зарнисори шаҳри Истаравшан Акбар Аслонов имсол ният доштааст, ки тавофи Хонаи Худоро анҷом диҳад. Аксари мӯйсафедони ҳолдони шаҳр бошанд, бар он ақидаанд, ки ҳаҷи Акбар кайҳо қабул шудааст.
Ҳусейни Назрулло, «Садои мардум»