Душанбе шаҳрест зебову дилкашу назаррабо ва бо табиати мафтункори худ аз дигар шаҳрҳо ба куллӣ фарқ мекунад. Ҳар замон солҳои донишҷӯиамро ба хотир меораму пеши чашмонам тамошои манзараҳо, гулгашту хиёбонҳо, биноҳои зебою барҳаво, мардуми сулҳдӯсту одамони зебояш ҷилвагар мегардад. Хотираҳо аз шаҳри азизи Душанбе хеле зиёданд. Танҳо як лаҳзаеро ёдовар мешавам, ки соли аввали донишҷуйӣ, яъне соли 1981 бо устодону донишҷӯёни Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон дар таҷлили 70 –солагии мавлуди устод Мирзо Турсунзода иштирок доштем. Меҳмонони олиқадри тамоми кишварҳои дунё барои зиёрати қабри устод, ки дар яке аз баландиҳои шаҳри Душанбе –теппаи Лучоб воқеъ аст, ташриф оварда буданд. Шоҳиди суҳбатҳои онҳо будам ва ҳама бо як меҳри самимӣ аз фарзанди фарзонаи миллати тоҷик, Шоири халқии Тоҷикистон ҳарф мезаданд, ки ин барои ману дигар ҳамватанон боиси ифтихор буд.
Шаҳри Душанбе имрӯз аз ҳарвақта дида, зеботар ва ҳамчун шаҳри сулҳ, дӯстӣ, бародарӣ ва якдилию ҳамзистии қавму миллатҳои гуногун шинохта шудааст. Шоире пойтахти азизамонро чунин васф кардааст:
Душанбешаҳр, эй хуршеди тоҷик,
Туӣ бахту раҳи испеди тоҷик.
Кушоӣ сӯйи кас оғӯши худро,
Ту ҳастӣ хонаи умеди тоҷик.
Барои тоҷикон ҷонӣ, Душанбе,
Ту ҷони Тоҷикистонӣ, Душанбе.
Дар ҳақиқат, шаҳри Душанбе арзандаи васф аст. Ба шарофати ғамхорӣ ва ташаббуси хирадмандонаи Сарвари оқилу доно Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ва шаҳрдории пойтахт намуди Душанбе ба куллӣ дигар гаштааст. Оромию субот ва озодию сарсабзии ҳар як кӯчаи шаҳр, хандаи беғаши кӯдакон, бозиҳои мафтункунандаи наврасон, сайругашти пайвастаи ҷавонону пирон — ҳама аз ғамхорию хизмати содиқи родмардони шуҷои миллат аст. Имрӯз дар шаҳри Душанбе пешравиҳои зиёде эҳсос мегардад. Корхонаю муассиса ва биноҳои зебои баландошёна бунёд меёбанд. Марказҳои савдои ҳозиразамон аз тамоми мамлакатҳои дунё молу маҳсулот ворид мекунанд, то ки аҳолиро бо озуқаворӣ ва маҳсулоти тару тозаи ниёзи мардум таъмин намоянд.
Кӯчаҳои шаҳрро шиорҳои «Душанбе- шаҳри сулҳ» «Душанбе- шаҳри гулҳо», «Душанбе –зеби дунё» зебу зиннат медиҳанд.
Лозим ба ёдоварист, ки дар арафаи 20- солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон Парчам ва Нишони давлатӣ дар пойтахти азизамон -шаҳри Душанбе барафрохта шуд.
Имрӯзҳо дар шаҳри Душанбе сайёҳон, меҳмонон ва шаҳрвандони зиёди хориҷӣ аз кишварҳои дунё дар боғу гулгашт ва ҷойҳои таърихию тамошогоҳ сайру саёҳат мекунанд ва аксу наворҳои зиёд барои худ мегиранд.
Боиси хурсандист, ки Душанбе дорандаи ҷоизаи «Шаҳри сулҳ»-и ЮНЕСКО мебошад.
Носирҷон МАҲМУДОВ,
омӯзгори синфҳои ибтидоии мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №24-уми шаҳри Истаравшан