Супоришҳои Президент дар амал

Ҳунар беҳ зи симу зар аст

№55 (3201) 28.05.2014

Баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,  ки дар ҷаласаи васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри эҳё намудани ҳунарҳои миллии ниёгон, аз ҷумла қолинбофӣ ва сӯзанидӯзӣ, таъмини занони хонашин ба ҷойи кори доимӣ ва маоши арзанда дар шаҳри Хуҷанд  Маркази таълимӣ — истеҳсолии «Шероз» ба фаъолият оғоз намуда буд.

Маркази мазкур бо дастгирии раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ва мусоидати Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд дар муддати кӯтоҳ дар сатҳи баланд омода гардида, дар он занону ҷавонон ва духтарони хонашин бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд.

Ҷоиз ба зикри алоҳида аст, ки дар таърихи соҳибистиқлолии кишвар маркази фавқуззикр аввалин коргоҳи қолинбофии дастӣ мебошад, ки зиёда аз 250 нафар занони хонашинро бо кори доимӣ таъмин намудааст.

Се нафар занҳои ҳунарманди эронӣ дар Маркази таълимӣ — истеҳсолии «Шероз» барои бонувон омӯзиши қолинбофии дастии намуди эрониро, ки дар ҷаҳон арзиш ва сифати баланд дорад, меомӯзонанд.

Хатмкунандагони марказ, ки дар хонаҳо ва коргоҳи шахсии худ ба бофтани қолин машғул мешаванд, фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо марказ ба роҳ мемонанд ва қолинҳои омодагашта аз ҷониби марказ тариқи нақдӣ харидорӣ мешавад.

Чуноне, роҳбари марказ Шероз Зиёбоев изҳор дошт, алҳол барои хоҳишмандон курси омӯзиши семоҳа ташкил гардидааст, ки баъди хатми он Шаҳодатномаи қолинбофи дастӣ дода мешавад.

Ҳамчунин Марказӣ таълимӣ — истеҳсолии «Шероз» омода аст, тамоми қолинбофони ҷумҳуриро бо лавозимоти барои қолинбофӣ  зарур таъмин намояд.

 

Мухтори АБДУЛЛО, «Садои мардум»