Бо ибтикори Комиҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар Коллеҷи омӯзгории ноҳияи Зафаробод бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар мавзӯи «Ваҳдат – кафили сарҷамъию пирӯзии мо» конференсияи илмию назариявӣ баргузор гардид. Дар конференсия кормандони масъули ҳизб, фаъолон, донишҷӯёни Коллеҷи омӯзгории ноҳия, литсейи касбӣ – техникии №76, литсейи №2 ва кормандони Ҷамоати шаҳраки «Меҳнатобод» иштирок намуданд. Зикр гардид, ки дар таъмини рӯзгори босаодати аҳли ҷомеа нақши Ваҳдати миллӣ беназир аст.
Мухтори АБДУЛЛО, «Садои мардум»