Дар толори Китобхонаи марказии шаҳри Чкалов вохӯрии намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ва донишҷӯёни Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо Қаҳрамони ҷаҳон оид ба камонварӣ Зебунисо Рустамова доир гардид. Муовини якуми раиси шаҳр Содиқ Рустамов аз номи роҳбарият ва иштирокдорон меҳмони олиқадрро барои ташриф оварданаш ба ин вохӯрӣ хайра мақдам гуфта, аз дастовардҳои ин варзишгари маъруф ёдовар шуд. Зебунисо Рустамова бо хоҳиши ҳозирин аз лаҳзаҳои иштирокаш дар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ, Аврупо ва собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ҳикоя кард. Дар ин толори китобхона асарҳо ва китобу маҷалла, ки аз корнамоиҳои Зебунисо Рустамова нақл мекарданд, ба маърази тамошо гузошта шуданд.
Ҳусейни Назрулло, «Садои мардум»