Чанде пеш раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ дар Қасри Арбоб бо намояндагони соҳаи маорифи вилоят мулоқот анҷом дод.
Ин мулоқот бо ҳузури васеи раисони шаҳру ноҳияҳо, муовинони соҳавии онҳо, сардорони шуъбаҳои маориф, мудирони шуъбаҳои молия, директорони мактабҳо, ректорони донишгоҳҳои олӣ, директорони литсейҳои соҳавӣ, сарварони литсейҳои касбӣ — техникӣ ва масъулини ташкилоту идораҳои марбутаи вилоятӣ доир гардид.
Абдураҳмон Қодирӣ зимни суханронии худ, аз ҷумла иброз дошт, ки Сарвари давлат Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми пурмуҳтавои худ ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, махсус таъкид карданд: «Дар сиёсати иҷтимоии кишвар соҳаи илму маориф дар оянда низ ҳамчун яке аз самтҳои калидӣ боқӣ монда, Ҳукумати Тоҷикистон барои рушди он тамоми имконоти худро истифода мебарад ва маблағгузории соҳаро ҳамасола ба таври назаррас афзоиш медиҳад».
Ҳамзамон зикр гардид, ки дар радифи Давлату Ҳукумат, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд низ ба соҳаи маориф эътибори аввалиндараҷа медиҳад ва дастгирии соҳа сол то сол бештар мегардад. Масалан, соли 2013 барои рушди соҳаи маорифи вилоят аз ҳисоби ҳама сарчашмаҳои маблағгузорӣ 409 миллион сомонӣ ҷудо шуда, соли 2014 ин нишондиҳанда ба 522 миллион сомонӣ баробар гардид.
Раиси вилоят инчунин аз комёбиҳо ва дастовардҳои кормандони соҳаи маориф ёдовар шуд. Таъкид гардид, ки аҳли маорифи вилоят семоҳаи аввали соли равонро бо як қатор муваффақиятҳо, ба монанди барзиёд таъмин гардидани нақшаи компютеркунонии мактабҳо, аз 547 ба 353 кам шудани шумораи омӯзгороне, ки бо таҳсилоти миёна фаъолият менамуданд, аз хонаҳои мардум ва вагонҳо пурра баровардани муассисаҳои таълимӣ, бори нахуст дар миқёси ҷумҳурӣ баргузории озмуни ҷумҳуриявии «Экологҳои ҷавон» ва соҳиби ҷойи аввал гардидани мактаббачагони вилоят, ифтитоҳи мактаби нав дар деҳоти ба номи Лоҳутии шаҳри Конибодом бо шароити муосири таълиму тадрис ва ғайра ҷамъбаст намуданд.
- Падидаи ҷолиби дигар иштироки фаъолонаи толибилмони вилоят дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ аз рӯи фанҳои таълимӣ мебошад. Шарафи вилоятро дар олимпиада аз фанҳои гуманитарӣ 42 нафар хонандагон — ғолибони олимпиадаи вилоятӣ ҳимоя намуда, дар маҷмӯъ, ба гирифтани 34 ҷойи ифтихорӣ, аз ҷумла 9 медали тилло, 10 медали нуқра ва 15 медали биринҷӣ ноил гардиданд, — гуфт А.Қодирӣ.
Зимни мулоқот ба масъулин барои пешгирии зуҳуроти номатлуб, ба монанди худкушӣ ва хешу таборчигӣ дар иҷрои вазифаҳо, дастгирии омӯзгорон, беҳтар намудани сифати таълим, бунёди мактабҳои нав ба ҷои мактабҳои садамавӣ, таъмини сарулибоси мактабӣ барои хонандагон ва омӯзгорон, таъсиси толорҳои варзишӣ, рафъи норасоии мизу курсӣ, ҷалби хонандагон ба зинаи сеюми таҳсил, истифодаи самараноки замини ёрирасони наздимактабӣ, вусъат бахшидан ба корҳои ободониву кабудизоркунӣ, омӯзонидани касбу ҳунарҳои деҳқонӣ, рӯзгордорӣ, ташкили маҳфилҳои қолинбофию сӯзанидӯзӣ, аҳамияти зарурӣ зоҳир намудан ба таълими фанни суруд ва мусиқӣ ва таъмини мактабҳо ба асбоби мусиқӣ, аз қабили доира, рубоб, дутор, ғижак, най ва хуб ба роҳ мондани фаъолияти китобхонаҳои мактабҳо супоришҳои қатъӣ дода шуд.
Дар мулоқот инчунин пешниҳоди таъсиси ҷоизаи беҳтарин барои омӯзгорон, ҳамасола ба истироҳат фаро гирифтани 100 нафар муаллимони навовару эҷодкор ва дар интиҳои сол мукофотонидани пешсафони соҳа аз ҷониби роҳбарияти вилоят хуш пазируфта шуд.
Мухтори АБДУЛЛО, «Садои мардум»