СУҒД. (Мухтори АБДУЛЛО, «Садои мардум») Дар арафаи иди саиди Фитр бо супориши раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода дар шаҳрҳои саноатии Хуҷанд, Чкалов, Истиқлол ва Қайроққум ярмарка – фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ баргузор гардид. Дар ярмарка кишоварзони ноҳияҳои вилоят навъҳои гуногуни маҳсулотро, аз қабили картошка, пиёз, сабзиву полезиҳо, меваҳои гуногун, орд, гӯшт, шакар ва ғайра нисбат ба нархи бозор 20-30 фоиз арзонтар пешниҳоди сокинон намуданд. Миқдори маҳсулоти пешниҳодгашта дар ярмарка – фурӯши маҳсулот беш аз 398 тоннаро дар бар гирифт, ки аз ин миқдор қариб 285 тоннааш пешкаши сокинони шаҳри Хуҷанд гардид.
Матбуот ва воситаҳои ахбори омма ба ташаккули афкори ҷомеа таъсири муқтадир ва муассир мерасонанд.
Эмомалӣ Раҳмон