Дар толори Маркази фарҳанги шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд ба муносибати 100-солагии зодрӯзи Корманди шоистаи Тоҷикистон, нависанда, драматург ва рӯзноманигор Ҳоҷӣ Содиқ маҳфили ёдбуд баргузор гардид, ки дар он намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояту шаҳр, олимон, нависандагону адибон, рӯзноманигорон, меҳмонон аз пойтахти кишвар ва пайвандони соҳибҷашн иштирок доштанд.
Маҳфилро раиси бахши суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, шоир Аҳмадҷони Раҳматзод ифтитоҳ кард. Ҷумъабой Сангинов — муовини якуми раиси вилоят дар бораи ҳаёт ва фаъолияти пурсамару хизмати шоистаи устод дар пешбурди адабиёти муосир ва матбуоти тоҷик ҳарф зад. Профессор Атахон Сайфуллоев дар мавзӯи «Ҳоҷӣ Содиқ — нависанда, драматург, ҳаҷвнавис ва рӯзноманигори варзида» маърӯза кард. Ҳамчунин шоир Алӣ Бобоҷон, нависанда Додохони Эгамзод ва собиқадори матбуот Абдулмаҷиди Бобоҷониён аз хотираҳо ва хизмати бузурги зиндаёд дар ҷодаи ҳаҷву рӯзноманигорӣ, тарбияи адибони ҷавон ҳарф заданд.
Мухтори АБДУЛЛО, «Садои мардум»