Дар шаҳри бостонии Истаравшан дар радифи даҳҳо гузарҳо гузари Охунонро метавон ном бурд, ки мувофиқи номаш макони олимону донишмандони зиёд будааст. Дар тӯли таърих ин гузар бо фарзандони фарзонаву арзишманди худ ҳаққонӣ фахр мекардааст. Шахсиятҳои соҳибэътибори аҳли илму фарҳанги ин гузар, ба монанди Эшони Зокирхӯҷаи Охунд, Махдуми Қозикалони Охунд, Эшони Мирқобил дар асрҳои гузашта дар маркази илму маърифати ҳамонвақти Осиёи Марказӣ-шаҳри Бухорои шариф дониш андӯхта, сипас дар мадрасаҳо, идораҳои давлатии давраи худ ба сифати мударрис, аҳли дарбор, дабир, хаттотони зарринқалам кору фаъолият кардаанд.
Яке аз чунин хонаводаҳои соҳибфарҳанг дар гузари Охунон хонаводаи Мулло Ҳайдар Аюбов будааст, ки худи ӯву гузаштагонаш — Мир Закариё, Мир Абдулло, Мир Комил, Мир Ҳомид ва Мир Яъқуб дар тайи 200 соли охир аз ҳамин радифи олимони донишманд ва хаттотони мониқалам будаанд ва эшон ҳар яке дар алоҳидагӣ дар рушду нумуи илму фарҳанги замони худ хизмати босазо намудаанд.
Дар асоси қарори раиси шаҳри Истаравшан оид ба абадӣ гардонидани номи ин ашхоси фарзонаи истаравшанӣ дар пештоқи ҳавлии Мулло Ҳайдар Аюбов, воқеъ дар гузари Охунон, лавҳаи ёдгорӣ гузошта шуд. Дар маросими пардабардорӣ аз рӯйи лавҳа муовини раиси шаҳри Истаравшан Хосият Фозилова, сарвари Маркази илму фарҳанги шаҳр, олим Саидумари Султон ширкат варзида, дар ҳаққи ин бузургон сухан карданд.
Дар назди ҷамъомадагон фарзанди Мулло Ҳайдар Аюбов- Мазбут Ҳайдаров ба сухан баромада, ба роҳбарияти шаҳр, хусусан раиси шаҳр И.Абдуллоев, барои ташкили чунин чорабинӣ ва абадӣ гардонидани хотираи фарзонагони авлодиашон изҳори сипос намуд.
Ҳусейни Назрулло, «Садои мардум»