Аз овони мактабхониаш Ҳумдин ба кор дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дилбастагӣ пайдо кард, вале гумон намекард, ки рӯзе соҳиби рутбаҳои баланд ва вазифаҳои масъул мегардад. Баъди хатми Омӯзишгоҳи омӯзгории Кӯлоб роҳи пойтахти кишварро пеш гирифт. Бе ягон дудилагӣ ба факултети ҳуқуқшиносии собиқ Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) ҳуҷҷат супорид. Ин ҷавони ташнаи илм ба илму дониш дода шуда буд. Ғайр аз китобхонаи донишгоҳ пайваста ба собиқ Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ мерафт. Рӯздармиён дӯкону мағозаҳои «Тоҷиккитоб»-ро хабар гирифта, ҳар дастуру китобе оид ба илми ҳуқуқ медид, ҳатман мегирифт ва дар хобгоҳу хонаи иҷоравиаш худ китобхонае дошт.
Ин ҷустуҷӯю бедорхобиҳо, донишандӯзиҳо вақти кориаш самар оварданд. Бо дипломи аълои донишгоҳ Ҳумдинро барои фаъолият ба ноҳияи Ёвон равон карданд.
Корро аз муфаттишии шуъбаи корҳои дохилии ин ноҳия оғоз намуд. Як сол пас ӯ раиси суди ноҳияи мазкур таъин гардид. Даҳ соли расо дар ин вазифаи пуршараф фаъолияти софдилона ва густурда дошт. Имрӯз ҳам мардуми Ёвон аз кору номи неки Ҳумдин ёдоварӣ менамоянд.
Истеъдод ва маҳорати кордониаш аз назари мақомоти болоӣ дур намонд. Ҳумдин Шариповро раиси Суди вилояти Кӯлоб ва баъдтар раиси Суди вилояти Хатлон таъин карданд. Дар ин мақом ӯ боз даҳ соли дигар хизмати халқу Ватанро бошарафона адо кард. Пас аз як соли корӣ дар вазифаи раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳидояти Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор омад.
Сипас, даҳ сол вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Хизматҳои Ҳумдин Шарипов бо ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи дуюм, 30 адад медалҳои гуногун, беш аз 100 Ифтихорномаю дипломҳо, ордени Пётр дараҷаи яки Федератсияи Россия қадрдонӣ шудаанд.
Мардуми Кӯлоб ин марди ҳомии қонун ва адолатро вакили худ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карданд. Ҳамчун вакили мардумӣ дар таҳияи қонунҳои зиёд ширкат варзид. Ба замми ин, Ҳумдин Шарипов чун мураббию устоди ғамхор шогирдони зиёдеро тарбия намуда, касбу ҳунар омӯзонидааст. Садҳо шогирдонаш имрӯз аз ин марди дарёдилу адолатпеша ба некӣ ёд мекунанд. Чунончӣ, шогирдони содиқаш Шермуҳаммади Шоҳиён, Амирхӯҷа Ғоибназаров, Маҳмадалӣ Ватанов, Нуралӣ Носиров, Сайфулло Гиёев ва муаллифи сатрҳо дар мансабҳои баланд кор карда, дар ҳаққи ин марди хоксору одӣ, вале сахтгиру принсипнок, ҳақшиносу адолатпеша ҳарфҳои нек мегӯянд.
Ҳарчанд ҳафт сол боз Ҳумдин Шарипов дар байни мо нест, вале хотираву кори некаш дар қалбҳои мардум боқист.
Маҳмудҷон ҒУЛОМОВ, судяи Суди вилояти Хатлон