Супоришҳои Сарвари давлат дар амал

Заҳмат баҳри фаровонии дастурхони мардум

№54 (3039) 06.05.2013

абдуллоев

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон кишоварзиро муҳимтарин бахши иқтисоди миллӣ шуморида, таъмини амнияти озуқавории мамлакатро маҳз аз рушду нумуи ин соҳа сахт вобаста медонанд. Аз ин рӯ, таваҷҷуҳи Давлату Ҳукумат ба пешрафти ин соҳа ҳамчун  яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат ҳамеша афзоиш ёфта, барои авҷу барори тозаи кишоварзӣ чораю тадбирҳои зиёдро амалӣ менамояд. Як бахши муҳими соҳаи кишоварзӣ боғу токпарварӣ аст ва обу хоку боду ҳавои як идда шаҳру навоҳии вилояти Суғд, аз ҷумла шаҳри Истаравшан, ба парваришу истеҳсоли мева, бахусус анвои техникиву истеъмолии онҳо хеле мувофиқ мебошад. Барои иҷрои «Барномаи давлатии рушди соҳаи боғу токпарварӣ барои солҳои 2010-2014» чӣ корҳо ба анҷом расидаанд?  Муҳоварае, ки хабарнигори рӯзнома бо раиси шаҳри Истаравшан, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Иброҳим Абдуллоев анҷом додааст, дар ҳамин хусус ва дигар паҳлуҳои рушди соҳаи кишоварзӣ нақл мекунад.

- Иброҳим Ғоибназарович, Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон, барои рушди соҳаи боғу токпарварӣ аҳамияти хоса зоҳир менамояд ва дар ин хусус чандин барномаҳои махсус низ қабул шудаанд. Илова бар ин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми сафарҳои кориашон ба шаҳри Истаравшан (солҳои 2010-2011) барои тавсиаи майдонҳои боғу токзор дастуру супоришҳои мушаххас дода буданд. Барои амалӣ шудани ин асноди муҳим ва иҷрои супоришҳои Сарвари давлат дар Истаравшан чӣ корҳо ба анҷом расидаанд?

- Имкониятҳои шаҳри Истаравшан ба парваришу истеҳсоли ангуру меваҷот хеле хуб мусоидат мекунад ва замоне шаҳри мо макони ангурҳои лазизу шаҳдбор ба ҳисоб мерафт. Мутаассифона, баъди пош хӯрдани Иттиҳоди  Шӯравӣ соҳаи ангурпарварӣ  рӯ ба таназзул ниҳод. Хушбахтона, баъди таҳкими Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, барои аз нав барқарор кардани  боғу токзори кӯҳна ва бунёди боғу токзори нав аҳамияти ҷиддӣ зоҳир менамоянд. Дар натиҷа, дар ин ҷода кори зиёд ба анҷом расид.

Кишоварзони мо  баҳри иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 августи соли 2009 «Дар бораи тадбирҳои иловагӣ доир ба рушди соҳаи боғу токпарварӣ барои солҳои 2010 — 2014» ҷиҳати васеъ намудани майдони боғу токзорҳо бо дарки баланди масъулиятшиносӣ солҳои 2007 — 185 гектар, 2008 — 295 гектар, 2009 — 319 гектар, соли 2010 — 316 гектар, соли 2011 — 328 гектар ва соли 2012 — 256 гектар боғу токзори нав бунёд карданд, ки нисбат ба нақшаҳои шаш соли охир  463 гектар зиёд буда, дар маҷмуъ давоми ин муддат 1699 гектар боғу токзори нав бунёд гардида, нақша 147 фоиз иҷро шуд.

Бо мақсади иҷрои қарори раиси вилояти Суғд аз 25 майи соли 2009 таҳти № 136, қарори раиси шаҳр аз 24 июли соли 2009 «Дар бораи нақша-чорабиниҳо оид ба барқароркунии боғу токзорҳои кӯҳна дар шаҳри Истаравшан барои солҳои 2010-2015» соли гузашта 25 гектар майдони боғ ва 17 гектар майдони токзор аз нав барқарор карда шуд, ки нисбати нақша 107 фоизро ташкил мекунад.

Дар татбиқи кулли барномаҳои давлатӣ қарорҳои махсуси раиси шаҳр қабул карда, аз тарафи раёсати кишоварзӣ ва дигар мақомоти дахлдор ба таври мушаххас корҳои ташкилию техникӣ гузаронида шудаанд. Аз ҷумла дар соҳаи боғу токпарварӣ хоҷагиҳои дехқонии «Ругунд», «Шариф», «Шоҳон»,  «Боғпарвар», хоҷагиҳои ниҳолпарварӣ ва ҷангал зиёда аз 1 миллиону 640 ҳазор ниҳоли себ, зардолу, шафтолу, гелос, олу, бодом, чормағз, дарахтони сояафкан, ороишӣ ва 352 ҳазор бех қаламчаи токи ангури кишмиши сафеду сиёҳ парвариш карда истодаанд.

Дар соли 2013 боғу токпарварони Истаравшан бунёди 150 гектар боғу токзори навро ба нақша гирифтаанд.

- Вазъи соҳаҳои  дигари кишоварзӣ чӣ гунаанд?

- Бояд гуфт, ки дар ҳамаи сохторҳои кишоварзии шаҳри мо 54636 гектар заминҳои кишоварзӣ мавҷуд буда, аз он 23537 гектар заминҳои киштшаванда мебошад. Дар мавсими имсола дар майдони 5532 гектар кишти тирамоҳии ғалладонагиро ба нақша гирифта, дар асл дар майдони 6500 гектар кишт  гузарониданд, ки баробари 117 фоизи дурнамо мебошад.

Бояд зикр намуд, ки дар ин давра зиёдшавии ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот асосан аз ғалладонагӣ — 164 фоиз, сабзавот — 100 фоиз, картошка -141,6 фоиз, меваҷот — 141,1 фоиз, ангур — 112,8 фоиз, тухм — 249 фоиз, пашм -100 фоиз таъмин гардидааст.

Иқлими Истаравшан ба киштукор ва истеҳсоли маҳсулоти ғалладонагиҳо низ мусоид аст. Ба ғайр аз ғалладонаи обӣ, дар майдонҳои хеле фарох ғаллаи лалмӣ, асосан гандум ва ҷав, кишт мешавад. Азбаски Истаравшан ба минтақаи аз боришоту намнокӣ камтаъмин мансуб аст, лалмикорӣ дар минтақаҳои наздикӯҳӣ ва кӯҳӣ  муфидтар буда, дар солҳои хушксолӣ низ аз ин минтақаҳо имконияти ҳосили дилхоҳи ғалладона ба даст овардан мавҷуд мебошад.

Аз ин рӯ, ҳамасола дар хоҷагиҳои кишоварзӣ деҳқонон 18 – 19 ҳазор гектар майдонро ғалладона кишт мекунанд ва ҳосилнокии онро аз 5,1 сентнерии соли 2006 ба 16,1 сентнер дар соли 2012 расониданд.

Хоҷагиҳои сабзавоткор ва картошкапарвар бо азми қавӣ кӯшишу ғайрат карданд, ки баҳри таъмини амнияти озуқавории мамлакат саҳми босазо гузоранд. Дар натиҷа, истеҳсоли картошкаву сабзавот, ангур, меваҷоту полезӣ ва дигар маҳсулот барзиёд иҷро гардида, дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳар сари оила таъмин намудани маводи  дусолаи  хӯрока иҷро карда шуд.

Чорводорӣ яке аз самтҳои муҳими соҳаи кишоварзӣ маҳсуб ёфта, вазни қиёсии он дар маҷмуи истеҳсолоти кишоварзӣ зиёда аз 20 фоизро ташкил медиҳад.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷиҳати рушди зотпарварӣ низ як қатор чораҳоро амалӣ намуд ва дар асоси онҳо   хоҷагиҳои деҳқонии «Хоҷа Аҳрори Валӣ», «Саидбекбобо», «Ҳаваскор», «Хушбахт», АХД «Қалъачаи Араб»,  ҶСШП «Симурғ» ба нигоҳубину  парвариши зотҳои хуби чорвою парранда машғуланд.

- Кишоварзони Истаравшан тӯли семоҳаи аввали соли 2013 чӣ корҳоро ба анҷом расониданд?

- Бо  мақсади дар соли 2013 вусъат бахшидани корҳои саҳройӣ, баланд бардоштани сифат ва самаранокии истеҳсолоти кишоварзӣ, инчунин таъмини иҷрои қарори раиси шаҳр аз 7 январи соли 2013 таҳти № 6 маҷлиси машваратии раиси шаҳр «Дар бораи фаъолияти хоҷагиҳои кишоварзӣ дар таъмини таҳкимбахшии амнияти озуқавории мамлакат ва вазифаҳои навбатӣ дар соли 2013» бо иштироки васеи роҳбарону мутахассисони хоҷагиҳои деҳқонӣ ва сохторҳои кишоварзӣ баргузор шуда, дар он натиҷаҳои фаъолият дар соҳаи кишоварзӣ, бурду бохт ва камбудиву мушкилоту муаммоҳо баррасӣ гардид. Ҷиҳати бартарафсозии камбудиҳо ва беҳбудӣ бахшидан дар ҳалли масъалаҳову муаммоҳои соҳа қарорҳои дахлдор қабул кардем ва айни замон аз тарафи мақомоти дахлдори кишоварзӣ дар ин самт корҳои назаррас ба анҷом мерасанд.

Дар хоҷагиҳои кишоварзӣ тибқи қарорҳои раиси шаҳр «Дар бораи маъракаи кабудизоркунӣ ва ободонӣ», «Дар бораи муташаккилона гузаронидани киштукори баҳорӣ» тадбирҳои судманд андешида, дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин маъракаҳои мазкур анҷом ёфтанд. То ба имрӯз киштукори баҳорӣ дар майдони 9604 гектар гузаронида шуда, он 55 фоизи нақшаро дар бар гирифта, нисбат ба соли 2012-ум 3852 гектар зиёд мебошад.

Кишти пиёз ба охир расида, киштукори дигар намуди сабзавот, картошка ва ғайра вусъат меёбад. Дар майдони зиёда аз 4010 гектар зироатҳои ғалладонагӣ обёрӣ ва озуқадиҳӣ гузаронида шуд.

Дар асоси қарори раиси шаҳр дар даҳ деҳот ва 22 маҳаллаи ҳудуди шаҳр 115 ҳазор ниҳоли дарахтони мевадиҳанда ва ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд.

Кишоварзони Истаравшан  азми қавӣ доранд, ки нақшаҳои  дар пеши худ  гузоштаро бобати ривоҷу равнақи  соҳа  сарбаландона иҷро кунанд.

 Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум»