Фоҷиа бисёр кӯтоҳ аст. Ҳамагӣ аз як парда, чор намоиш ва 50 дақиқа давом мекунад. Мавзуъ низ нав нест. Дар ин бора солҳост, ки менависанд, вале мавзуи доғи рӯз аст. Нашъамандӣ ва касрати он, бозори гарми нашъаҷаллобон, доғи сияҳ ба дили падару модар, таъсири ин фоҷеа ба ҷомеа.
Маъруф қаҳрамони асосии фоҷеа ҷавони 24-25-солаи аз умраш пештар пиршуда ва ба гирдоби балои нашъамандӣ афтодааст. Буду шуди аҳли оилаи худро ба боди фано додааст. Ӯ модари пири беморашро мезанад, латукӯб мекунад, маҷбур месозад то охирин пасандози тӯли солҳо ҷамъовардаи хеш-мурдапулиашро бароварда диҳад. Вазъи хона низ ҳоли ногувор дорад. Маълум, ки кампир қашшоқ аст. Соле пеш шавҳараш бо дарду ҳасрати фоҷиаи писар дунёро тарк кардааст.
Дар намоиши дуюм хонаи бойи нашъаҷаллоб тасвир шудааст. Салимбой бо савлат коняк менӯшад ва бо яке аз лаганбардоронаш Толиб суҳбат дорад. Толиб аз иҷрои амру супоришҳои навбатӣ гузориш дода, ба «шеф» дипломати пур аз пулро месупорад. «Шеф» барои фурӯши партияи навбатии героин супориш ва маслиҳатҳо медиҳад. Сипас мефармояд, ки Толиб ва ҳамтабақҳои дигараш дар байни ҷавонон бештар кор баранд.
Дар ҳамин ҳол гумоштаи дигари Салимбой хабар меорад, ки Маъруф омадааст.
- Гӯй, дарояд,- мегӯяд Салимбой.
Маъруф медарояд. Аз таъсири дарди номаълуме аъзои баданаш меларзад. Худро ба зери пойи Салимбой мепартояд.
Лаҳзаи қабули миқдори зарурии героин тавассути сӯзандору оҳиста-оҳиста ба худ омадани бемор бисёр табиӣ баромадааст.
Маъруф изҳор мекунад, ки ба хотири гирифтани дозаи ҳаррӯзаи героин омода аст, ки ҳама гуна кор, супоришҳои хоҷаро иҷро кунад. Ба меъдааш як килограмм героинро дар бастаҳои хурд ҷой карда, фурӯ мебарад. Онро бояд ба кишвари ҳамсоя интиқол диҳад, вале дар роҳ як бастача дар дохили меъдааш мекафаду ӯро ба ҳалокат мерасонад. Вале қабл аз вафот ба мақомоти милитсия ҳамаи сиру асрори нашъаҷаллобонро фош менамояд.
Муаллифи намоишнома дар намоишҳои сеюму чорум дастгир шудани нашъаҷаллобон ва навҳаи модари зорро хуб тасвир кардааст. Вақте ки ҷасади ҷавонмарди ғӯрамаргро ба хонаи кампир медароранд, нолаву фиғони модари зор ба фалак мепечад:
- Вой балам, ин чӣ рӯзи сиёҳе буд, ки ба сари модари пират овардӣ, балам. Мурдани мани пир лозим буд, чаро ту ҷавон рафтӣ! Марг ба ман мезебид, ҷавонмарг шудию ҳама орзую ҳавасҳои маро ба гӯр мебарӣ, балам. Рӯзама сиёҳ кардӣ, балам!
Навҳаи кампир сипас ба таҳдид мубаддал мешавад:
- Илоҳо, хонаат сӯзад, нашъаҷаллоб! Рӯзи некро набинӣ, нашъаҷаллоб, лаънати Худо бар ту бод!
Фоҷиа бо марги модару писар ба анҷом мерасад. Дили дардманди кампир чунин бори вазнин- марги ягона фарзандро бардошта натавониста, кампир дар сари ҷасади писари нокому бадбахташ ҷон медиҳад.
Нолаву фиғони модари зор дили тамошобинонро реш-реш мекунад. Ман медидам, ки аксари занону духтарон мегиристанд, мардон дар даст рӯймолча оби дидагони хешро пок мекарданд.
Намоишномаи «Заҳрпечак» ба қалами ҳунарпешаи шинохтаи Театри халқии шаҳри Истаравшан Каримҷон Ғафуров тааллуқ дорад. Ҳангоми таҳлилу баёни андешаҳо баъд аз тамошо раиси шаҳри Истаравшан Иброҳим Абдуллоев ба намоишнома баҳои баланд дода, ба кормандони масъули шуъбаи фарҳанг супориш дод, ки онро дар ҳама ҷамоатҳои деҳот, маҳаллаҳои шаҳр ва корхонаву муассисаҳои калон намоиш диҳанд, то ин ки мардум бинаду сабақ бардорад.
Бино ба гуфтаи сардори идораи фарҳанги шаҳри Истаравшан Қаҳҳор Ҷӯраев, ин намоишнома ба ҷузъ дар бинои театри халқӣ се маротиба намоиш дода шуданаш, рӯзҳои минбаъда дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 8-уми деҳаи Лакат, гимназияи ба номи академик Раҷаб Амонов, инчунин дар радифи намоишномаҳои панҷ театрҳои халқии вилояти Суғд дар озмуни вилоятии театрҳои халқӣ дар мавзуи «Мубориза алайҳи нашъамандӣ» дар шаҳри Хуҷанд намоиш дода шуд.
Дар намоишномаи «Заҳрпечак» ҳамагӣ даҳ нафар ҳунарпешагон нақш мебозанд. Нақши Икромро худи муаллифи асар, ки дар як вақт коргардони намоишнома низ ҳаст, бисёр хуб иҷро кардааст.
Нақши кампир-модари ҷавони нашъамандро Саодат Шарифова, Салимбойро Қайюм Бойқӯзиев, лаганбардори Салимбой Толибро Восит Раҳмонов, капитани милитсия Боқиевро Рақиб Мамадназаров, Шаҳзоду милитсияи қаториро Шаҳзод Ғафуров ва Карим Бобоев бо маҳорати баланд иҷро кардаанд.
Дар ороиши саҳна ва мусиқӣ нақши рассом Ислом Икромов ва ҳунарманди театр Рақиб Мамадназаров калон аст.
Тамошобинон намоишномаро хеле хуш ва гарм истиқбол карданд.
Бояд гуфт, ки аълочиёни фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримҷон Ғафуров, Саодат Шарифова, Қайюм Бойқӯзиев, Рақиб Мамадназаров солҳои зиёд аст, ки дар Театри халқии шаҳри Истаравшан кор карда, ба қавле «мӯйи сари хешро дар ҳамин соҳа сафед кардаанд» ва дар иҷрои нақшҳо аз ҳунармандони асил ҳеҷ камӣ надоранд.
Тайи чанд соли охир ҳайати эҷодии театр бо чандин намоишномаҳо, аз қабили «Шавҳари зани ман»-и Георгий Хугаев, «Шамшери бурро» ва «Эшони Иллоанта»-и Абдусалом Атобоев, «Гирдоб»-и Мубинҷон Юсуфов, «Гуфтор дигару рафтор дигар»-и Баҳром Раҳмонов ва саҳначаҳои хурд-хурд ба тамошобинон ғизои маънавӣ мебахшанд.
Намоишномаи «Заҳрпечак», ки имрӯзҳо дар тамоми шаҳру деҳоти Истаравшан мавриди таваҷҷуҳи бинандагон қарор гирифтааст, нишон дод, ки мардум ташнаи ҳамин гуна асарҳои саҳнавӣ мебошанд ва театр метавонад дар тарбияи мардум, пешгирии ҳама гуна ҳодисоти номатлуби ҷомеа нақши муассир дошта бошад.
Ҳусейни Назрулло, «Садои мардум»