Кишоварзӣ соҳаи асосии хоҷагии халқи ноҳияи Зафаробод ба ҳисоб меравад ва давоми соли сипаригардида намояндагони ин соҳа меҳнати аҳлона карда, ба дастовардҳои назаррас соҳиб шуданд. Пахтакорони ноҳия соли гузашта ба хирмани пахтаи мамлакат зиёда аз 20 ҳазор тонна «тиллои сафед» ҳамроҳ намуда, дар зарфи 21 соли охир нахустин маротиба аз уҳдаи иҷрои дурнамо сарбаландона баромаданд.
Мо аз сардори Раёсати кишоварзии ноҳия Икромҷон Усмонов хоҳиш кардем, ки роҷеъ ба вазъи имрӯзаи соҳаи кишоварзии ноҳия маълумот диҳад.
-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 апрели соли 2013 дар назди мо — кишоварзон вазифаҳои мушаххас гузошта, аз ҷумла, фармуданд: «Фаровонии бозори истеъмолии мамлакат, пеш аз ҳама, бо роҳи таъмин намудани тараққиёти устувори соҳаи кишоварзӣ тавассути истифодаи технологияҳои ҳозиразамон, таҳкими фаъолияти корхонаҳои коркарди маҳсулот, баланд бардоштани самаранокии захираҳои обу замин, инкишофи соҳаи тухмипарварӣ ва зотпарварӣ бояд амалӣ карда шаванд.
Барои ҳар чӣ бештар бо маҳсулоти кишоварзӣ ва умуман бо маводи ғизоии истеҳсоли ватанӣ таъмин намудани аҳолии мамлакат андешидани тадбирҳои мушаххас зарур аст».
-Мо — кишоварзони ноҳияи Зафаробод аз чунин дастуру роҳнамоиҳои Сарвари давлатамон рӯҳу илҳоми тоза гирифта, дар соле, ки сипарӣ шуд, тамоми қувваю ғайратамонро баҳри иҷрои нақшаю тадбирҳои таҳиягашта равона сохтем,-гуфт Икромҷон Усмонов.
Бино ба гуфтаи мавсуф, тӯли соли сипаригардида тавассути заҳмати аҳлонаи кишоварзон дар ноҳия ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ дар санаи 1 январи соли равон бо нархҳои ҷорӣ 189 миллиону 935 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла растанипарварӣ 145 миллиону 506 ҳазор сомонӣ ва чорводорӣ 44 миллиону 495 ҳазор сомониро ташкил дод. Истеҳсоли маҳсулот дар ин давра нисбат ба соли 2012 ба маблағи 15 миллиону 905 ҳазор сомонӣ афзоиш ёфта, суръати зиёдшавӣ 109,1 фоизро ташкил намудааст.
Соли 2013 ба шарофати ғамхориҳои роҳбарияти мамлакат ва ҷудо гардидани 10,3 млн. сомонӣ маблағҳо ҷиҳати таъмиру азнавсозии пойгоҳҳои обкашӣ корҳои назаррас ба анҷом расонида шуда, таъминоти хоҷагиҳо бо оби полезӣ нисбатан беҳтар гардид.
Дар мавсим ба хоҷагиҳои кишоварзӣ ба миқдори 354,2 млн. мукаабметр оби полезӣ дода шудааст, ки ин нисбати соли 2012-ум 57,6 миллион метри мукааб зиёд мебошад. Боиси қаноатмандист ки мавсими обёрӣ то санаи 1 октябри соли гузашта идома ёфт. Дар натиҷа, деҳқонони ноҳия ба парваришу нигоҳубини зироати стратегӣ-пахта аҳамияти хоса дода, иҷрои дурнамои солонаро таъмин намуданд ва дар мавсим 20401 тонна пахта ҷамъоварӣ карданд, ки нисбати соли 2012-ум 2105 тонна зиёд аст.
Кишоварзони ноҳия дастуру супоришҳои Сарвари давлатро оид ба рушди соҳаи чорводорӣ ба роҳбарӣ гирифта, соли 2013 ба миқдори 31800 тонна хӯроки чорво, аз ҷумла 28508 тонна бедаи хушк, 3262 тонна коҳ истеҳсол ва захира кардаанд, ки ба ҳисоби воҳиди хӯрока 13933 тоннаро ташкил медиҳад.
-Пас аз даравидани ғалладона,-гуфт Икромҷон Усмонов, дар майдони 1034 гектар кишти такрорӣ гузаронида шуда,76,3 тонна ғалладона, 154,8 тонна сабзавот, 124,3 тонна полезӣ ва 1618 тонна хӯроки чорво ҷамъоварӣ гардид. Хоҷагиҳои ноҳия нисбат ба соли 2012 дар майдони 550 гектар кишти тирамоҳиро зиёдтар анҷом доданд. Мутобиқи Барномаи рушди соҳа давоми соли 2013 дар ноҳияи Зафаробод 251 гектар боғу токзори нав бунёд карда шуд ва иҷрои нақша таъмин гардид.
Дар шароити феълӣ аз тарафи масъулини соҳа ва роҳбарони хоҷагиҳои кишоварзӣ мутобиқи нақшаи чорабиниҳо тадбирҳои тирамоҳию зимистонӣ ба амал бароварда мешавад. Ба санаи 1 январи соли 2014 дар майдони 109,10 гектар шудгори заминҳо ба анҷом расид.
Дар идомаи суҳбат сардори Раёсати кишоварзии ноҳия Икромҷон Усмонов гуфт, ки 9 декабри соли 2013 қарори иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ «Дар бораи тадбирҳои иловагӣ оид ба азнавташкилдиҳӣ ва таҷдиди хоҷагиҳои калонҳаҷми кишоварзии вилояти Суғд» ба тасвиб расид ва дар асоси он ба ҳамин мазмун қарори раиси ноҳияи Зафаробод Р.М. Раҳматов бобати ин масъала аз 13 декабри соли 2013 содир гардид ва мо — кормандони Раёсати кишоварзии ноҳия якҷо бо Кумитаи замини ноҳия машғули татбиқи ин масъала мебошем.
Бино ба гуфтаи мавсуф, дар ин ҷода 634 адад хоҷагии калонҳаҷми кишоварзии ноҳия зери таҷдиду азнавсозӣ қарор хоҳанд гирифт. Ба ин васила 8 ҳазору 623 нафар саҳмдорон соҳиби замин гардиданд. То ба ҳол ба ҳамин мақсад 400 адад ариза унвонии раиси ноҳия ворид гардида, мавриди баррасӣ қарор ёфта, асноди зарурӣ ба салоҳдиди Кумитаи заминсозии ноҳия ва намояндагони Кадастри замини шаҳри Хуҷанд, ки ҳоло тибқи шартнома дар ноҳияи Зафаробод фаъолият мекунанд, супорида шуд.
-Ҳамаи ин корҳо то 1 феврали соли равон анҷом ёфта, соҳибони замин соҳиби сертификати ройгон мегарданд,-мегӯяд сардори Раёсати кишоварзӣ ва ба суханонаш меафзояд:
-Тадбири мазкур тақдирсоз буда, аз як тараф, сатҳи камбизоатиро дар байни кишоварзони ноҳия паст мекунад, даромаднокии аҳли оиларо боло мебарад ва барои фарзандони онҳо ҳоҷат ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтан ба кишварҳои хориҷӣ намемонад ва аз тарафи дигар, он ба таъмини Барномаи амнияти озуқавории мамлакат мусоидат хоҳад кард.
Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум»