-Замони Шӯравӣ чандин сол сарвари бригадаи хоҷагии давлатӣ шуда кор кардам. Бригадаи мо 62 гектар ток, 8 гектар боғ ва 20 гектар замини обӣ дошт. Меҳнат мекардему ҳосили дилхоҳ мебардоштем. Мутаассифона, Иттиҳоди Шӯравӣ барҳам хӯрду мардум, аз ҷумла кишоварзон ҳам, ба меҳнат аз паси панҷа нигоҳ мекардагӣ шуданд. Дар натиҷа, аввали солҳои 90-ум аксари корхонаҳо аз кор монданд ва замин ҳам бесоҳиб гардид. Хушбахтона, Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба масъалаи рушди соҳаи кишоварзӣ аҳамияти ҷиддӣ медиҳанд, Барномаи таҷдиди хоҷагиҳо ва ислоҳоти кишоварзиро рӯйи кор оварданд. Соли 1996 дар ин бобат Барномаи мушаххаси ислоҳоти аграрӣ ба тасвиб расиду хурдкунии хоҷагиҳо оғоз ёфт. Ман ҳам ҳамроҳи фарзандонам хоҷагии деҳқонии «Юсуф-бобо»-ро ташкил кардам. Дар натиҷаи муносибати оқилона ба замин, дилсӯзию меҳнати шабонарӯзӣ кори хоҷагиамон пешрав гардиду зиндагиамон рӯ ба беҳбудӣ ниҳод,-мегӯяд сардори хоҷагии деҳқонии «Юсуфбобо»-и деҳоти «Зарҳалол»-и шаҳри Истаравшан Аюбҷон Юсуфов.
Ба қавли ин марди деҳқон, тадбири чанде пеш амаликардаи раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ дар бобати таҷдиди хоҷагиҳои ҳаҷман калони вилоят саривақтӣ ва манфиатбахш мебошад.
-Замин меҳнати ҷиддӣ талаб мекунад. Халқи мо мақоле дорад, ки дар он мегӯяд: «Агар ту ба замин муносибати дуруст кунӣ, он туро ҳам мехӯронаду ҳам мепӯшонад», -мегӯяд ӯ. Бино ба гуфтаи мавсуф, дар хоҷагиашон, ки соли 2008 ташкил шудааст, бо аҳли оилаашон меҳнат мекунанд. Хоҷагӣ 6,5 гектар замин дорад. Аз ин 4,2 гектар боғ ва 1,5 гектар ток аст. Ҳаштод дар сади он замини обист.
-Мо дар ҳама қитъаҳои заминамон аз таҳти дил кор мекунем. Дар фасли зимистон ба ин кор ҳатто набераҳоямон ёрӣ мерасонанд. Замин, ки хазинабони ганҷи марди деҳқон аст, вобаста ба меҳнат ҳосил медиҳад. Ҳар қадар бештар заҳмат кашӣ, подоши заҳматат ҳамон қадар зиёд мешавад. Чанде пеш мо як гектар ток ва 0,5 гектар боғро аз нав барқарор кардем. Ба кишти зироатҳое, ки барои рӯзгорамон зарур аст, диққати ҷиддӣ медиҳем. Даромадамон ҳам сол ба сол зиёд мешавад. Дар ин байн гову гӯсфанд ҳам харидем, саршумори онҳо аллакай хеле зиёд шудааст. Имрӯз аз ягон чиз камбудӣ надорем. Соли гузашта ҳатто аз ҳисоби даромадҳоямон ба Шӯрои собиқадорони деҳа ба маблағи 800 сомонӣ кумак кардем. Мо ҳама аҳли оила тадбири навбатии Ҳукуматамонро дар бобати боз ҳам хурд кардану ба хоҷагиҳои оилавӣ мубаддал сохтани хоҷагиҳои калонро ҳаматарафа дастгирӣ мекунем. Ин тадбири саривақтӣ ва оқилона аст. Деҳқоне, ки ба замин соҳиб мешавад, пеш аз он ки чизеро кишт кунад, хароҷоташро ҳаматарафа ҳисобу китоб мекунад. Агар манфиатдор мешуда бошаду заҳматаш фоидаовар бошад, ба замин аз таҳти дил меҳнат хоҳад кард. Дар вақташ шудгору кишт мекунад, об медиҳаду заҳрхимикат мепошад, растаниро аз ҳашароти зараррасон эмин медорад. Аз ҳама муҳимаш, ба замин зироати дилхоҳи худро мекорад, барои рӯзгораш маҳсулоти заруриро нигоҳ дошта, боқимондаашро ба бозор мебарорад. Пулдор, ки шуд, маблағи обу барқу андозро сари вақт месупорад. Хоҷагӣ агар оилавӣ бошад, аҳли оила инро хуб дарк мекунанд, ки замин замини худашон ва дар он ҳар қадар бештар меҳнат кунанд, ҳамон қадар зиёдтар манфиат мебардоранд. -Аз ин рӯ, ман аз ҳамаи ҳампешагони худ даъват ба амал меоварам, ки рӯ ба хоҷагиҳои оилавӣ оваранд,-мегӯяд ин марди рӯзгордида.
Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум»