Владимир Норов ташаббуси Тоҷикистонро мусбат арзёбӣ намуд

№49-50 (4311-4312) 17.04.2021

2022logoЧанде пеш аз ҷониби Донишгоҳи иқтисоди ҷаҳонӣ ва дипломатияи назди Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Маркази дипломатияи ҷамъиятии СҲШ форуми «Роҳбар — занони кишварҳои СҲШ» дар шакли видеоконфронс доир гардид, ки дар он 18 ҳайат аз кишварҳои аъзои СҲШ ширкат варзиданд.

Котиби генералии СҲШ Владимир Норов зимни ифтитоҳи чорабинӣ баргузории Форуми «Роҳбар-занони кишварҳои СҲШ» — ро таҳти унвони «Баланд бардоштани нақши занон дар рушди устувор» саривақтӣ ва муҳим арзёбӣ карда, вазъи кунунии баъзе аз кишварҳо ва минтақаи ҷаҳонро таҳлил намуд. Ӯ гуфт, ки то ҳол номутаносибӣ дар сатҳи рушди занон, монеаҳо барои иштироки онҳо дар фаъолияти сиёсиву иқтисодӣ ва шаклҳои гуногуни табъиз боқӣ мондааст. Аз 800 млн. сокини камбизоати сайёра нисф зиёдро занон ташкил медиҳанд. Ҳамчунин, чораҳои карантинӣ ва буҳрони иқтисодӣ, ки дар натиҷаи пандемияи COVID — 19 ба амал омаданд, таъсири бештар ба фаъолияти занон дошт.

Владимир Норов аз сиёсати гендерӣ дар кишварҳои аъзои СҲШ ёдовар шуда, ташкил намудани шароити мусоид барои баланд бардоштани иштироки занон дар рушди ҷамъиятиву иқтисодӣ ва сиёсиро дар фазои СҲШ муҳим хонд.

- 20 соли фаъолияти СҲШ кишварҳои аъзои он дар самти баробарии гендерӣ ва баланд бардош­тани мақоми зан дар рушди иҷтимоӣ — иқтисодии кишварҳо ба комёбиҳои назаррас ноил шуданд. Айни замон шуғлнокии занон дар кишварҳои СҲШ ва сатҳи иштироки онҳо дар соҳаҳои гуногуни иқтисод 49 фоизро ташкил медиҳад, — гуфт Владимир Норов ва афзуд, ки дар Ҷумҳурии Халқии Хитой 55 фоизи ҷойҳои тиҷорати рақамиро занон ишғол менамоянд. Инчунин, сатҳи намояндагии занон дар сиёсат меафзояд. Ҳиссаи занон дар парлумон қариб 20 фоизро ташкил дода, роҳбарон дар сатҳи вазирон қариб 10 фоиз мебошанд.

Котиби генералии СҲШ таъкид кард, ки кишварҳои аъзои созмон Конвенсия оид ба барҳам додани ҳама гуна табъиз нисбат ба занон ва дигар конвенсияҳои байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон, занон ва кӯдаконро ба тасвиб расонида, татбиқ мекунанд. Ғайр аз ин, барои ба даст овардани баробарии гендерӣ асосҳои ҳуқуқии миллӣ ва барномаҳои дахлдори миллӣ қабул шудаанд.

Ӯ изҳор дошт, ки қадами муҳими дигар дар ин самт Форуми занони кишварҳои СҲШ мебошад, ки қарор аст, 10 июни соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Тоҷикистон доир шавад.

Владимир Норов ташаббуси Тоҷикис­тонро оид ба ҳамоҳангсозии лоиҳаи Ёддошти тафоҳум, ки дар самти баробарии гендерӣ байни мақомоти ваколатдори давлатҳои аъзои СҲШ оғоз ёфтааст, мусбат арзёбӣ намуд.

Дар ин замина, котиби генералии СҲШ ёдовар шуд, ки ҳадафи стратегияи СҲШ то соли 2025 ва мақсадҳои СММ оид ба рушди устувор то соли 2030 бо ҳам дар масъалаҳои гендерӣ ва ҷузъҳои асосии фаъолияти инсон мувофиқат мекунанд.

- Пандемия бори дигар исбот намуд, ки ҳар як зан, новобаста ба машғулият ва соҳаи фаъолият, метавонад дар рушди устувори кишварҳо масъулиятеро ба дӯш гирад, зеро маҳз онҳо неруи пешбаранда дар СҲШ мебошанд, — афзуд В. Норов.

Фароҳамсоз Ш. АБДУЛВОҲИДОВА,

«Садои мардум»