Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳоло сохтмони 30 муассисаи таълимии миёна ва томактабӣ идома дошта, то охири сол боз 15 муассисаи нав ба истифода дода мешаванд.
Дар ин хусус раиси ВМКБ Алишер Мирзонабот зимни баргузории чорабинӣ ба ифтихори Рӯзи дониш ва «Дарси сулҳ» дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев иброз дошт, ки феълан мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо дастгирии Ҳукумати мамлакат кӯшиш бар он дорад, то дар заминаи дастовардҳои давоми 33-соли Истиқлолияти давлатӣ дар самти таълиму тарбияи насли созанда, омода кардани кадрҳои соҳибтахассус ба даст омадаанд, тадбирҳои муассирро бобати ноил шудан ба натиҷаҳои нав дар самти илму маориф роҳандозӣ намояд.
- оварии комил дорем, ки дар ин роҳ маорифчиён ва аҳли илми вилоят дар ҳамдастӣ бо мардуми шарифи Бадахшон тамоми неру ва имкониятҳоро барои ободкорию созандагии Ватан равона хоҳанд кард, — гуфт А. Мирзонабот.
М. ИМОМНАЗАР,
«Садои мардум»