ВМКБ. 173 нафар ба озмунҳои ҷумҳуриявӣ роҳ ёфтанд

№ 01.10.2024

Озмун машхур 240924Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон даври вилоятии озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи донои китоб аст» ва «Илм — фурӯғи маърифат» ҷамъбаст гардид. Аз байни садҳо нафар иштирокчиёни озмунҳо 173 нафар ба давраҳои ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд. Аз ин теъдод, 95 нафар ғолиби озмуни «Фурӯғи субҳи донои китоб аст» ва 78 нафар ғолиби озмуни даври вилоятии «Илм — фурӯғи маърифат» мебошанд.

Алишер Худобердӣ, раиси ВМКБ, дар маросими ҷамъбаст иброз намуд, ки маҳз ба туфайли соҳибистиқлолии мамлакат ва сиёсати маърифатпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имконият фароҳам омад, то ба илму маорифи Тоҷикистон таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шавад.

Таъкид гардид, ки соли равон дар натиҷаи баргузории даврҳои гуногуни озмунҳои мазкур ҳазорон нафар мактаббачагон, ҷавонону наврасон ва дигар қишрҳои ҷомеа фаъолона ширкат карда, илму дониш ва маҳорату малакаи хуб нишон доданд.

Раиси ВМКБ ғолибони даври вилоятиро бо диплому мукофотпулӣ қадрдонӣ намуд.

М. ИМОМНАЗАР,

 «Садои мардум»