Барои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз тарафи Ҳукумати ҷумҳурӣ боз чор нақлиёти муосири партовкашонӣ ва як мошини нави хизматӣ дода шуд.
Дар маросими тақдими мошинҳо ба роҳбарият ва кормандони Корхонаи фаръии «Хоҷагии манзилию — коммуналӣ»-и шаҳри Хоруғ раиси вилоят Алишер Мирзонабот иброз намуд, ки ба туфайли таваҷҷуҳи рӯзафзуни Ҳукумати мамлакат, хоса Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамаи соҳаҳои ҳаётан муҳим дастгирӣ ёфта, симои зоҳирии шаҳру ноҳияҳои вилоят рӯз ба рӯз зеботар шуда истодаанд.
- Дар ин марҳала барои пайваста тозаю озода нигоҳ доштани маркази маъмурии вилоят — шаҳри Хоруғ чунин техникаю муҳимоти хоҷагидорӣ, албатта, чун обу ҳаво заруранд ва биноан, масъулони соҳаи хоҷагидорӣ ва кормандони идораи коммуналии шаҳрро мебояд, ки техникаҳои навро ҳамеша дар ҳолати хуби корӣ нигоҳ доранд, — таъкид намуд раиси ВМКБ.
М. ИМОМНАЗАР,
«Садои мардум»