Таҳти раёсати раиси Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, раиси ВМКБ Алишер Мирзонабот Иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи ВМКБ даъвати шашум баргузор гардид, ки дар он баробари дигар масъалаҳо рафти иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми июли соли 2006 таҳти № 1775 «Дар бораи тадбирҳои иловагӣ оид ба азнавташкилдиҳӣ ва ислоҳоти ташкилотҳои кишоварзӣ» низ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Вобаста ба масъалаи зикршуда раиси Кумитаи давлатии идораи замини ВМКБ Диловар Насруллобеков қайд кард, ки соли 2022 бо супориши бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии раиси ВМКБ дар баъзе аз ноҳияҳои вилоят барӯйхатгирии қитъаҳои замини аз гардиши кишоварзӣ берунмонда гузаронида шуд. Дар натиҷа 355 гектар замини таъиноти гуногун, ки давоми солҳо дар пайи офатҳои табиӣ вайрон гаштаанд, ба дигар намуди истифодабарӣ гузаронида шуданд.
Номбурда тавзеҳ дод, ки дар шаш моҳи аввали соли равон аз тарафи кумитаҳои идораи замини шаҳр ва ноҳияҳои вилоят 290 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин ошкор ва нисбат ба 155 нафар 56 512 сомонӣ ҷаримабандӣ татбиқ гардид.
Дар самти назорати риояи қонунгузории замин аз тарафи мақомоти прокуратураи ВМКБ 66 санҷиш гузаронида, 52 нафар шахси мансабдор ба ҷавобгарии интизомӣ кашида шуда, нисбат ба 140 нафар парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз гардид. Дар асоси санадҳои эътиноии прокурорӣ 7,8 гектар қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонида шуд.
Истифодаи дуруст ва самараноки ҳар як ваҷаб заминро раиси Маҷлиси вакилони халқи ВМКБ масъалаи калидӣ дар самти таъмини амнияти озуқаворӣ номида, тавзеҳ дод, ки он дар меҳвари таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.
Зимни баррасии масъала Алишер Мирзонабот ба раисони шаҳру ноҳияҳо вобаста ба қабули дурусти қарорҳои дахлдор дар масъалаи истифодаи оқилонаи замин дастуру супоришҳои иловагӣ дод. Зикр гардид, ки Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дорои замини ками кишоварзӣ буда, аз гардиши кишоварзӣ берун намондани он таваҷҷуҳи пайвастаи раисони шаҳру ноҳияҳоро талаб мекунад. Аз ин рӯ, масъулон вазифадор гардиданд, ки солҳои минбаъда барои ба гардиши кишоварзӣ даровардани заминҳои зери алафи бегона қарордошта чораҳои бетаъхир андешанд.
М. ИМОМНАЗАР,
«Садои мардум»