Чанде пеш таҳти раёсати раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот машварати васеъ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар соли 2023 ва вазифаҳо барои соли 2024 доир гардид. Дар он котиби Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Насрулло Маҳмудзода иштирок намуд.
Нахуст Анвар Иматшозода, муовини раиси ВМКБ, оид ба дастовардҳои вилоят дар соли 2023 ҳисобот дода, иброз намуд, ки соли гузашта барои вилоят соли пурфайзу бобарор буд.
Дар ин давра маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар вилоят 1736,6 млн. сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8,1 фоиз афзоиш ёфт. Гардиши савдои хориҷии вилоят 64 миллиону 896,5 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022-юм 3,1 баробар зиёд буд.
Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ВМКБ барои солҳои 2021-2025 аз 135 лоиҳа иборат буда, маблағи умумии он 4759,1 миллион сомониро ташкил медиҳад. Солҳои 2021, 2022 ва 2023 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ барои бунёду барқарорсозӣ 1845,7 млн. сомонӣ равона шуд.
Дар идома Алишер Мирзонабот фаъолияти ҳар як соҳаро дар алоҳидагӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, ба сарпарастони соҳаҳо, раисони шаҳру ноҳияҳо, ҷамоат ва шаҳраку деҳот, роҳбарони муассисаю идораҳои масъул баҳри боз ҳам таҳкиму вусъат бахшидани корҳои созандагию бунёдкорӣ дар заминаи нишондиҳандаҳои Паёми навбатии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, таҷлили сазовори Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ, рушди саноату истеҳсолот, бонкдорӣ ва пешбурди самарабахши ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ, муҳоҷират ва ба шуғлу кори сазовор таъмин намудани сокинон дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Котиби Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Насрулло Маҳмудзода зимни суханронӣ нахуст нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро шарҳу тавзеҳ дод. Аз ҷумла, зикр шуд, ки Ҳукумати мамлакат тасмим гирифтааст дар ояндаи наздик барои ташаккули долонҳои иқтисодӣ як қатор лоиҳаҳои афзалиятноки бунёду таҷдиди роҳҳои мошингарди дорои аҳамияти байналмилалӣ ва ҷумҳуриявиро лоиҳакашӣ ва барои ҷалби сармоя пешниҳод намояд.
Роҳҳои Рӯшон то деҳаи Варшези ноҳияи Шуғнон (235 километр), аз Варшез то гузаргоҳи Кулма-Қарасу (300 километр), Бохтар-Ҷалолиддини Балхӣ-Қубодиён-Шаҳритус-Айвоҷ -сарҳади Ҷумҳурии Ӯзбекистон (170 километр), Хуҷанд-Конибодом (57 километр), Хуҷанд-Ашт (122 километр) ва Балҷувон-Сари Хосор (58 километр) аз ҳамон ҷумлаанд. Ҳоло таҷдиду барқарорсозии роҳи мошингарди Қалъаихумб-Ванҷ-сарҳади ноҳияи Рӯшон (93 километр) бо сохтмони ду нақб бо дарозии 5,2 километр бо харҷи 2,2 миллиард сомонӣ, сохтмони ду пул бо дарозии 283 метр аз болои дарёҳои Ғунд ва Шорфдара, 4,5 километр роҳ ва долонҳои зидди тарма (550 метр) бо масрафи 342 миллион сомонӣ идома дорад.
Вобаста ба ин, масъулини вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он вазифадор гардиданд, ки баҳри иҷрои дастуру супоришҳое, ки аз Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат бармеоянд, тадбирҳои ҷиддӣ андешанд.
М. Имомназар,
«Садои мардум»