Бахшида ба «Соли маърифати ҳуқуқӣ» дар Театри вилоятии ба номи Меҳрубон Назарови шаҳри Хоруғ бо номи «Саҳми Пешвои миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккул ва рушди низоми нави ҳуқуқи миллӣ» ҳамоиши вилоятӣ ва маросими рӯнамоии китоби «Ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон — кафолати наҷоти инсоният» доир шуд.
Китоби тозанашр аз ҷониби муовини раиси вилоят Абдулназар Абдулназарзода рӯнамоӣ шуда, чун дастоварди сол барои аҳли фарҳангу маорифи мамлакат арзёбӣ гардид.
Таъкид шуд, ки ташаббусҳои глобалии Президенти мамлакат, пеш аз ҳама, барои беҳзистии инсоният, таъмини зиндагии шоистаи аҳолии Замин, амнияти наслҳо ва ҳифзи обу иқлим нигаронида шуда, татбиқи босамари онҳо аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ масири нави ҳамкориро дар таҳкими ҳаёти созгор, суботу баҳамоӣ ва рушду пешрафти халқиятҳои гуногуни сайёра боз менамояд.
Раиси вилоят Алишер Мирзонабот дар ҳамоиш роҷеъ ба Саҳми Пешвои миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккул ва рушди низоми нави ҳуқуқи миллӣ иброз дошт, ки ибтидои ташаккули низоми нави ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бояд тамоми паҳлуҳои ҳаёти миллат, аз ҷумла таърих, арзиш, анъана, урфу одат ва ҳикмати ахлоқӣ, миллию ақидатиро фаро мегирифт, маҳз аз Иҷлосияи таърихию тақдирсози XVI Шурои Олии мамлакат оғоз ёфт.
- Ташаббускорони баргузории иҷлосияи мазкур бо дарки масъулияти баланд, эҳсоси вазъу идроки ояндасозӣ, такя ба қонунҳои давр ва махсусан санадҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, кӯшиш ба харҷ доданд, то иҷлосия дар асоси талаботи қонунгузорӣ доир гардида, санадҳои дар он қабулшаванда пурра амалӣ шаванд. Зеро Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ягона ниҳоди қонунан фаъолияткунанда дар он замон буд, ки манфиати кулли тоҷикистониёнро ифода менамуд. Аз ин рӯ, ҷараёни ташкил ва баргузории он пурра мутобиқи қонунгузорӣ доир гашта, санадҳои муҳими ҳуқуқие, ки дар ин иҷлосия ба тасвиб расиданд, таҳкурсии давлатдории навини миллии мо ва ҳам низоми ҳуқуқии миллиамонро гузоштанд, — изҳор намуд раиси вилоят.
Гуфта шуд, ки марҳилаи дигари ташаккулдиҳандаи низоми ҳуқуқи миллӣ раванди фаъолият барои таҳия ва қабули Конститутсияи нахустини Тоҷикистони соҳибистиқлол буда, он соҳибистиқлолии кишварро таҳким бахшид ва барои низоми муносибатҳои байналмилалии он таҳкурсии мустаҳкам гузошт. Бо ба эътибор гирифтани ҳамаи принсипу усулҳои давлати конститутсионӣ, рукни меҳварӣ ва устувори он, яъне, инсон ва ҳуқуқҳои ӯ дар меҳвари Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дода шуд, ки моҳияти тамоми қонуну санадҳои меъёрии ҳуқуқии минбаъда қабулгардидаро маҳз ҳамин рукну унсурҳо ташкил медиҳад.
Дар ҳамоиш, инчунин, мавзуъҳои “Саҳми Пешвои миллат дар баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ “Нақши Паёми Пешвои миллат дар ташаккули қонунгузории миллӣ”, “Нақши маърифати ҳуқуқӣ дар таҳкими истиқлоли давлатӣ”, “Маърифати ҳуқуқӣ ва аҳамияти он дар таъмини адолати судӣ”, “Маърифати ҳуқуқӣ -асоси волоияти қонун” шарҳу тавзеҳ гардида, иштирокдорон вобаста ба китоби тозанашр баргузории ҳамоиш фикрҳои ҷолиб баён доштанд.
Дар интиҳо як гурӯҳ кормандону собиқадорон бо ифтихорномаву туҳфаҳои хотиравии раиси вилоят барои ҳамкории судманд ва тарғиби ҳадафҳои олии Ҳукумати мамлакат қадрдонӣ шуданд.
М. ИМОМНАЗАР,
«Садои мардум»