Баҳри беҳтар гаштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста тадбирҳои судманд андешида мешаванд.
- Ҳоло дар вилоят барои беҳдошти шароити муассисаҳои маорифу тандурустӣ, нақлиёт ва пешбурди корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ 10 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ татбиқ гашта истодааст, ки маблағи азхудшуда 165, 8 миллион сомониро ташкил медиҳад, — гуфт сардори Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилоят Зикрихудо Самадзода.
Замони соҳибистиқлолӣ дар вилоят 25 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ бо харҷи беш аз 1 миллиарду 200 миллион сомонӣ татбиқ гардид, ки асосан ба бунёду таҷдиди инфрасохтори вилоят алоқаманд мебошанд. Аз ҷумла, дар доираи лоиҳаҳои барқарорсозии системаи обтаъминкунӣ дар шаҳри Хоруғ 3 миллиону 751 ҳазор доллари ИМА, идоракунии партовҳои сахти маишии маркази вилоят — 1 миллион ва тақвияти таҳсилоти касбӣ – техникӣ 176, 2 ҳазор доллари ИМА аз худ карда шуд.
- Мавриди зикр аст, ки дар доираи лоиҳаи мустаҳкам намудани инфрасохтор дар робита ба офатҳои табиӣ дар ноҳияҳои Ванҷу Рӯшон 18 кӯпруки мошингузар сохта мешавад, — афзуд Зикрихудо Самадзода.
Маҷмӯан, то соли 2023 дар доираи лоиҳаҳои амалкунандаи сармоягузорӣ, махсусан, барои бунёди инфрасохтор, 730 миллион сомонӣ равона мегардад.
М. ИМОМНАЗАР, «Садои мардум»