Чанде пеш таҳти роҳбарии раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот машварати васеъ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии вилоят дар семоҳаи аввали соли равон ва вазифаҳо барои давраи минбаъда доир гардид.
Зимни ҷаласа гуфта шуд, ки дар ин давра иҷрои нақшаи қисми даромади буҷети вилоят аз рӯи даромади худӣ 110 фоиз таъмин гардид. Таъкид шуд, ки ҳаҷми воридоти сармояи хориҷӣ ба иқтисодиёти вилоят мунтазам афзоиш ёфта, ба ҳолати 1-уми апрели соли 2025 дар доираи 15 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ дар қаламрави вилоят дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, энергетика, нақлиёт, хоҷагии манзилию коммуналӣ ва сайёҳӣ аз санаи оғози татбиқи ин лоиҳаҳо 238,9 млн. доллари ИМА барои хариди мол, иҷрои кор ва хизматрасонӣ азхуд карда шудааст. Теъдоди лоиҳаҳо бинобар ба анҷом расиданашон 1 адад кам гардида, маблағҳои азхудшуда бошад, 49,5 млн. доллари ИМА (539,5 млн сомонӣ) зиёд мебошад.
Дар фарҷоми ҷаласа раиси вилоят диққати раисони шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони идораю муассисаҳоро ба вусъати корҳои ободонию созандагӣ ба хотири таҷлили сазовори 28-умин солгарди Ваҳдати миллӣ, 35- солагии Истиқлолияти давлатӣ, сари вақт ва бо сифати баланд ба истифода додани иншооти ҷашнӣ, истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ, аз даст надодани ҳушёрии сиёсию ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, пешгирии омилҳои ифротгароӣ ва дигар таҳдидҳои замони муосир ҷалб кард.
М. ИМОМНАЗАР,
«Садои мардум»