Чанде пеш дар шаҳри Хоруғ таҳти раёсати раиси Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, раиси вилоят Мирзонабот Алишер Иҷлосияи ҳабдаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилоят доир шуд, ки дар он муҳокимаи лоиҳаи буҷети вилоят барои соли 2024 ва баррасии рафти иҷрои қарори Маҷлиси вакилони халқи ВМКБ аз 15 декабри соли 2020 «Дар бораи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ВМКБ барои солҳои 2021-2025» ва дигар масоили муҳим мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Таъкид шуд, ки соли равон аз ҷониби Роҳбари Давлат 23 иншоот мавриди истифода қарор гирифта, санги бунёд чор иншооти муҳими таъиноти гуногун гузошта шуд. Дар ҳошияи ташрифи Ҷаноби Олӣ ба вилоят 70 иншоот ба истифода дода шуданд. Инчунин, дар заминаи сиёсати инсондӯстона ва ғамхоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оилаҳое, ки дар натиҷаи офати табии соли гузашта аз манзили зист маҳрум гашта буданд, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хонаҳои нави истиқоматӣ таъмин гардиданд.
Пешравиҳои вилоят дар заминаи эълони марҳилаи нави бесобиқаи рушд давоми се соли охир зиёда аз 657 иншооти таъиноти гуногун сохта, ба истифода дода шуд. Дар маҷмӯъ аз ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ, ба иқтисодиёти вилоят 888300,3 сомонӣ ворид гардид. Танҳо тавассути шартномаҳои басташуда дар форуми инвеститсионии «Помиринвест» дар солҳои гузашта ва имсола, зиёда аз 2,3 миллиард сомонӣ барои рушди вилоят равона шуд. Ҳамчунин, дар доираи Нақша — чорабиниҳои таҷлили сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон зиёда аз 260 объект ба истифода дода шуда, дар чаҳорчӯбаи эълони солҳои 2022-2026 «Солҳои рушди саноат» бошад, 51 иншооти саноатӣ бунёду таъсис ёфтанд.
Айни ҳол дар ҳудуди вилоят сохтмони иншооти стратегӣ: бунёди қитъаи шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ, аз маркази ноҳияи Дарвоз то даромадгоҳи ноҳияи Рӯшон, пули калони нақлиётӣ дар шаҳри Хоруғ ва НБО «Себзор», ба маблағи умумии 3,5 млрд. сомонӣ бомаром идома дорад.
М. ИМОМНАЗАР,
«Садои мардум»