ВМКБ. Дар 9 моҳ ифтитоҳи 42 корхона

№ 11.10.2024

- Дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар нуҳ моҳи соли равон 137 корхонаю коргоҳҳои истеҳсолӣ фаъолият намуда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар ин давра 191,3 млн. сомониро ташкил намуд, ки ин маблағ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 27,6 фоиз ё 41,3 млн. сомонӣ зиёд мебошад, — гуфт муовини раиси ВМКБ Мӯсо Мирзозода зимни ҷаласаи ҷамъбастии натиҷаҳои нуҳмоҳаи рушди иқтисодию иҷтимоии вилоят.

Давоми нуҳ моҳ дар вилоят 42 корхонаю коргоҳи нави саноатӣ бо 230 ҷойи корӣ ба фаъолият оғоз намудааст.

Рушди соҳибкорию сармоягузорӣ низ зери таваҷҷуҳи доимии роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ қарор дошта, ҳамасола барои ноил шудан ба ин мақсад чораҳои мушаххас андешида мешаванд.

Соли 2024 дар доираи 13 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ВМКБ дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, энергетика, нақлиёт, хоҷагии манзилию коммуналӣ ва сайёҳии вилоят маблағи 188 млн. доллари ИМА азхуд гардид.

- Ҷиҳати таъмини ҳадафи дигари стратегии мамлакат — амнияти озуқаворӣ соли  равон тибқи дурнамо кишти зироатҳо дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят дар 10325 гектар гузаронида шуд, ки аз ин ғалладонагиҳо дар майдони 4842,8 гектар, картошка — 1849,3, сабзавот 774,8 га кишт карда шуда, хӯроки чорво бошад, 2858,4 гектарро ташкил медиҳад, — афзуд Мӯсо Мирзозода.

М. ИМОМНАЗАР,

«Садои мардум»