ВМКБ. Дастрасӣ ба таҷҳизоти муосири тиббӣ

№ 04.12.2024

ТИБ МАШХУРБеморхонаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо дастгирии Ҳукумати кишвар баҳри беҳтар гардонидани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ соҳиби таҷҳизоти муосир барои ҷарроҳии бемориҳои дил, рагҳои коронарӣ ва стентгузории роҳҳои шараёни он гардид.

- Давоми солҳои охир соҳаи тандурустии вилоят ба пешравиҳои зиёд расида, ин ибтикор дар таърихи ВМКБ бори аввал аст, ки таҷҳизоти замонавии ангиографиро соҳиб шуда, табибон имконият пайдо намуданд, то дар маҳали зист сокинонро ташхису муолиҷаи дуруст кунанд. Давоми се соли охир ба беморхона 26 нақлиёти санитарӣ, таҷҳизоти муосири тиббӣ, дастгоҳҳои замонавии компютерии магнитию резонансӣ (MРT), УЗИ доплер, сабти барқии дил (ЭКГ), автоклавҳо, дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ (ИВЛ), оксигенераторҳо бо маблағи зиёда аз 19 миллиону 198 ҳазору 600 сомонӣ дастрас гардид, — иброз дошт раиси ВМКБ Алишер Мирзонабот.

М. ИМОМНАЗАР,

 »Садои мардум»