ВМКБ: Давоми панҷ сол 92 корхона бунёд мешавад

№132 (4552) 28.10.2022

 Дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон машварати васеи ­назди раиси вилоят Алишер Мирзонабот оид ба масъалаи «Ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар нуҳ моҳи соли 2022 ва вазифаҳо барои семоҳаи чоруми соли 2022» доир гардид. Дар машварат котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Нас­рулло Маҳмудзода ширкат намуд.

Дар давраи зикршуда Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар вилоят 887,3 миллион сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 78,3 миллион сомонӣ афзоиш ёфтааст. Суръати афзоиш дар минтақаҳо 107,3 фоиз ва ҳиссаи нишондиҳандаи кӯтоҳмуҳлати рушди минтақаҳо дар ҳаҷми умумии нишондиҳандаи кӯтоҳмуҳлати рушди иқтисодӣ 1,1 фоиз мебошад.

Зикр шуд, ки «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои солҳои 2021-2025» аз 135 лоиҳа ба маблағи умумии 4759,1 миллион сомонӣ иборат аст. Он бо қарори Маҷлиси вакилони халқи ВМКБ аз 15 декабри соли 2020 таҳти № 38 тасдиқ шудааст.

Тавре маълум гардид, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилоят 120,2 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 67,1 миллион сомонӣ кам мебошад.

Дар нуҳ моҳи соли равон дар ВМКБ 24 корхонаву коргоҳи саноатӣ бо 216 ҷои кор сохта, ба истифода дода шуданд.Тибқи нақшаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, соли 2022 бояд 30 корхона ва коргоҳҳои истеҳсолӣ бо фароҳам овардани 407 ҷои нави кор сохта, ба истифода дода шаванд. Ҳамчунин, ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва дар ин замина таъмин намудани аҳолӣ бо ҷойҳои кор дар панҷ соли оянда дар вилоят сохтмони 92 корхонаи саноатӣ бо 1437 ҷои нави кор ба нақша гирифта шудааст.

Тибқи нақшаи чорабиниҳо оид ба омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави вилоят 41 муассисаи тандурустӣ, 12 фарҳангӣ, 85 муассисаи соҳаи маориф ва 104 корхонаҳои истеҳсолӣ сохта, ба истифода дода мешаванд.

Раиси вилоят Алишер Мирзонабот ва котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Насрулло Маҳмудзода зимни баррасии ­масъала ба раисони шаҳру ноҳияҳо, масъулин ва роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бобати пешбурди фаъолияти минбаъда ва бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, аз ҷумла сари вақт омода кардани соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ба зимистони дарпешис­тода, истифодаи мақсадноки маб­лағҳои буҷетӣ, дида баромадани маблағгузории сарикасӣ барои муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонии камнуфус, ҷамъо­варии андоз, норасоии кадрҳо дар соҳаҳои мао­рифу тиб, таъсиси кӯдакистонҳои хусусӣ, риояи забони давлатӣ дар муассисаҳои томактабӣ, муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, таъмини хонандагон бо либоси мактабӣ, таъмир ва навсозии муассисаҳои тандурустӣ, беҳтар намудани сифати барномаҳои фарҳангӣ, пурзӯр намудани таълиму тарбия дар таълимгоҳҳо, риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикис­тон», истифодаи самараноки замин ва дигар ҷанбаҳои муҳими иқтисодиву иҷтимоӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

М. ИМОМНАЗАР,

«Садои мардум»