ВМКБ. Даври вилоятии озмун ҷамъбаст шуд

№ 10.07.2024

Озмун шахрДаври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» дар Театри вилоятии ба номи Меҳрубон Назарови шаҳри Хоруғ баргузор гашт. Дар он 330 довталаб иштирок намуда,  80 нафар ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳхат гирифтанд. Ғолибон аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ бо дипломҳои дараҷаи 1, 2, 3 ва мукофотпулӣ қадр шуданд.

Зимни ҷамъбасти даври вилоятии озмун раиси вилоят Алишер Мирзонабот иброз дошт, ки озмуни мазкур соли шашум аст  таҳти сарпарастии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир мегардад ва  ин муддат истеъдодҳои зиёде кашф ва ба ҷомеа муаррифӣ шуданд. Боварӣ дорем ғолибини озмун бо маҳорати баланди эҷодӣ дар рушду такомули соҳаи фарҳанги кишвар саҳми муносиб мегузоранд.

Бояд гуфт, ки теъдоди иштирокчиёни озмун дар шаҳру ноҳияҳои вилоят сол ба сол зиёд мегардад. Агар соли 2022 дар даври интихобии озмун 648 нафар иштирок намуда бошанд, имсол ин теъдод ба 1200 нафар расид. Соли 2022 танҳо 168 нафар ба даври вилоятӣ роҳ ёфт, имсол бошад, 330 нафар дар даври вилоятии озмун ширкат доштанд.

М. ИМОМНАЗАР,

«Садои мардум»