ВМКБ. Ду намуди андоз иҷро нашуд

№21 (4917) 14.02.2025

Соли 2024 иҷрои нақшаи воридоти андозу пардохтҳо бо назардошти андози ғайрибуҷетӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 107,9 фисад таъмин шуда, ба ҷойи 227,3 млн. сомонии пешбинишуда ба буҷети вилоят 245,4 млн. сомонӣ ворид гардид.

Андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ низ, дар умум, 112,1 фисад таъмин шуда, ба ҷои 59 млн. 300 сомонӣ 66,4 млн. сомонӣ ба буҷет ворид гардидааст, ки ин аз нақша 7,1 млн. сомонӣ зиёд аст.

- Дар маҷмӯъ, соли 2024 зиёда аз 4 миллион сомонӣ қарзи андоз ба буҷети вилоят ворид гардидааст. Барои иҷро накардани талаботи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати 178 нафар андозсупоранда 269 ҳазор сомонӣ ҷаримаи маъмурӣ таъин шуда, аз ин ҳисоб ба буҷет 228 ҳазор сомонӣ ворид гашт, — иброз намуд сардори раёсати андози ВМКБ Шамс Сафарзода.

Тибқи иттилои ӯ, то моҳи январи соли равон дар қайди мақомоти андози ВМКБ 3049 соҳибкори инфиродӣ тариқи иҷозатнома фаъолият дошта, аз ҳисоби онҳо 3,8 млн. сомонӣ ба буҷаи вилоят ворид шудааст.

Дар ин давра асосан ду намуди андоз — андоз аз ҳисоби молу мулк, минҷумла аз ҳисоби воситаҳои нақлиёт ва захираҳои табиӣ, иҷро нашудааст.

Вобаста ба насб намудани терминалҳои хизматрасонӣ дар мағозаю марказҳои савдо ва дигар ҷойҳои хизматрасонӣ, инчунин, дастгоҳҳои назоратӣ-хазинавӣ сардори раёсати андози вилоят зикр кард, ки бо мусоидати Ҳукумати кишвар зиёда аз 500 таҷҳизоти назоратӣ-хазинавӣ аз хориҷи кишвар дастрас шуд. Мувофиқи тавзеҳоти номбурда, ин иқдом фаъолияти аксари соҳибкорони вилоятро ба низом оварда, ба ғанӣ гардидани буҷети давлатӣ бештар мусоидат мекунад.

М. ИМОМНАЗАР,

«Садои мардум»