13-уми декабри соли равон бо роҳбарии раиси Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот иҷлосияи бисту якуми Маҷлиси вакилони халқи вилоят баргузор шуд, ки дар он ду масъала мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар робита бо масъалаи якум роҳбари дастгоҳи раиси ВМКБ Ғуломнабӣ Собиров иброз дошт, ки дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4-уми декабри соли 2024 «Дар бораи таъини интихоботи даъвати нави Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ», тибқи моддаи 7 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» ва бо назардошти таклифу пешниҳодҳо комиссияи вилоятӣ дар ҳайати 13 нафар таъсис дода шуд.
Вобаста ба ташкили ҳавзаҳои интихоботӣ мудири шуъбаи ташкилии дастгоҳи раиси ВМКБ Гулмамад Гулмамадов иттилоъ дод, ки Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон теъдоди ҳавзаҳои интихоботиро тибқи талаботи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо назардошти шумораи интихобкунандагон, ҳудуду шароити маҳал муқаррар намуд. Ҳамин тариқ, дар ҳудуди вилоят 66 ҳавзаи интихоботӣ ташкил гардида, аз ин 14 ҳавза дар ноҳияи Шуғнон, 11 дар шаҳри Хоруғ, 8 ҳавзаӣ дар ноҳияҳои Ишкошиму Рӯшон, 6 ҳавзаӣ дар ноҳияҳои Дарвоз, Роштқалъа, Мурғоб ва 7 ҳавза дар ноҳияи Ванҷ амал хоҳанд кард.
Дар иҷлосия вобаста ба масоили баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул гардида, Алишер Мирзонабот баҳри иҷрои фармони мазкур омодагии ҳамаҷониба ба маъракаи муҳими сиёсӣ ва дар сатҳи баланд баргузор намудани интихобот ба масъулин дастуру супориш дод.
М. ИМОМНАЗАР,
«Садои мардум»