ВМКБ. Ифтитоҳи ду неругоҳ дар арафаи Рӯзи Президенти мамлакат

№141 (4247) 19.11.2020

nboДар деҳаи Рошорви деҳоти «Савноб»-и ноҳияи Рӯшон Неругоҳи хурди барқи обии «Хатфат» бо тавоноии 450 киловатт/соат ва дар ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон неругоҳи муосири офтобӣ бо иқтидори 220 киловатт/соат, ки калонтарин дар ҷумҳурӣ ва баландтарин дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Дар маросими кушодашавии онҳо муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси вилоят Ёдгор Файзов, раисони ноҳияҳо, намояндагони Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) иштирок намуданд.

Муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ ифтитоҳи ҳар ду неругоҳро ҳамчун самараи ташаббусҳои олии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сиёсати «Дарҳои боз»-и Ҳукумати кишвар арзёбӣ карда, аз ҷумла, иброз дошт:

- Басо рамзист, ки дар арафаи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон неругоҳҳои нав ба истифода дода шуданд. Воқеан, корҳои созандагӣ дар кишвар маҳз бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат сурат гирифта, ҷалби сармоягузорӣ ба дурдасттарин ноҳияҳои вилоят низ рӯз аз рӯз беҳтар мегардад.

«Хатфат» бо харҷи 11 миллиону 805 ҳазор сомонӣ бунёд гашта, 198 хоҷагии деҳоти «Нисур», «Барчидив», «Савноб» ва «Япшор»-и ноҳияи Рӯшон бо барқ таъмин шуданд. Неругоҳи муосири офтобӣ бошад, дастрасӣ ба неруи барқро то 50 фоиз афзуда, на танҳо сатҳи зиндагии сокинони ноҳияро баланд мебардорад, балки барои рушди умумии иқтисоди минтақа мусоидат менамояд.

М. ИМОМНАЗАР, «Садои мардум»