Соли равон шартномаи нави ҳамкории байни муассисаҳои таълимии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва корхонаҳои истеҳсолии вилоят оид ба дӯхтани либоси мактабӣ барои соли таҳсили 2024 — 2025 баста шуд.
Дар асоси иҷрои шартномаи тарафайн барои 8728 хонанда, аз ҷумла 4248 духтар либоси нав дар коргоҳу корхонаҳои дӯзандагии вилоят омода гардид. Корхонаҳои дӯзандагии «Кохи Бонувон» — и ноҳияи Дарвоз барои дӯхти 1020 адад, «Шердин» — и ноҳияи Рӯшон 835, «Бунёд» ва Литсейи касбии техникии № 77 — и ноҳияи Шуғнон барои 1310 адад, «Сарғултай» ва «Ирфонҷон» — и ноҳияи Ишкошим 400 ва «Салтанат» — и ноҳияи Мурғоб барои дӯхти 542 адад либос шартномаи ҳамкорӣ баста буданд.
Корхонаи дӯзандагии «Баҳори Ишқ»-и шаҳри Хоруғ бошад, дӯхтани либоси мактабиро барои муассисаҳои таълимии ноҳияҳои Ванҷ, Роштқалъа ва шаҳри Хоруғ, яъне, барои 3651 нафар хонанда бар уҳда гирифта буд.
Ба иттилои масъулини Раёсати маорифи ВМКБ иқтидори корхонаҳои либосдӯзӣ барои иҷрои талабот ба дӯхтани либоси мактабӣ кифоя буда, ба талаботи замон низ ҷавобгӯ аст.
Мавриди зикр аст, ки дар асоси дастури раиси ВМКБ барои хонандагони муассисаи сохташавандаи типи нав либоси мактабӣ бо дизайни нав дӯхта мешавад. Нархи либоси мактабӣ аз 279 то ба 440 сомонӣ мерасад. Инчунин, дар баъзе корхонаи вилоят мизоҷон метавонанд бо сатҳу сифати дилҳоҳ ва ба худ мувофиқ либоси мактабиро фармоиш дода, онро сари вақт ва босифат аз корхона дастрас намоянд.
М. ИМОМНАЗАР,
«Садои мардум»