ВМКБ. Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ 8,2 фоиз афзуд

№12 (4908) 27.01.2025

ВМКБ МАШҲУР 200125 (1)Вазъи иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон марҳила ба марҳила беҳтар гардида, соли 2024 маҷмуи маҳсулоти дохилии вилоят ба 2 миллиарду 501,9 млн. сомонӣ расидааст.

Дар ин хусус муовини раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мусо Мирзозода зимни ҷаласа оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии вилоят дар соли 2024 ва вазифаҳо барои нимсолаи якуми соли 2025 иттилоъ дод.

Номбурда, инчунин, иброз намуд, ки иҷрои нақшаи қисми даромади буҷети вилоят дар соли 2024-ум 106,5 фоиз таъмин гардид. Соли 2024 истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 307,2 млн. сомонӣ расид, ки нисбат ба соли 2023-юм 50,2 фоиз зиёд мебошад. Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ соли гузаш­та 980,2 миллион сомониро ташкил дода, дар вилоят 120 гектар боғҳои нав бунёд ва 28,6 гектар боғҳои куҳна барқарор гардиданд.

Фаъолияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ дар соли 2024 қаноатбахш арзёбӣ гардида, изҳор шуд, ки афзоиши даромади пулии аҳолӣ, зиёд гардидани субъектҳои соҳибкорӣ, рушди соҳаи саноат бозгӯи рушди босуботи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи вилоят мебошад.

М. ИМОМНАЗАР,

«Садои мардум»