ВМКБ. Масъулини соҳаи фарҳанг барои иҷораи асбобҳои мусиқӣ 3000 сомонӣ пардохт мекунанд

№98 (4048) 15.08.2019

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид карданд, ки «Мо дар замони соҳибистиқлолӣ ба рушди соҳаи фарҳанг ҳамчун таҷассумгари симои маънавии халқ, муттаҳидсозандаи неруҳои зеҳнӣ, баёнгари таърихи гузаштаву муосир, оину анъана, дигар муқаддасоти миллӣ ва ташаккулдиҳандаи одобу ахлоқи ҳамида эътибори доимӣ медиҳем».

Дар ин замина солҳои охир муассисаҳои зиёди фарҳангӣ бунёду азнавсозӣ гашта, Ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин самт собитқадам аст. Дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ қаср­ҳои боҳашамати фарҳангӣ қомат афрохта, сохтмони дигар иншоот бомаром ҷараён доранд. Табиист, ки миёни сохтану мавриди баҳрабардорӣ қарор додан ва истифодаи самаранок «аз замин то осмон» тафовут аст.

Ба гуфти сармутахассиси шуъбаи фарҳанги ВМКБ Силкабек Одинаев, ҳоло қасрҳои фарҳанг дар ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон, Роштқалъа ва Шуғнон дар ҳолати хуб қарор доранд. Мушкили асосӣ он аст, ки дар ВМКБ мисли вилоятҳои Суғду Хатлон Раёсати фарҳанг вуҷуд надошта, танҳо шуъбаи фарҳанг фаъолият дорад. Табиист, ки чор корманди шуъба ҳашт бахши ноҳиявиро мувофиқи талабот сарпарастӣ карда наметавонем, — изҳор дошт ӯ.

Бар замми ин, масъулини шуъбаи фарҳанги вилоят аз надоштани ҷойи муайяни корӣ, автомобили хизматӣ ва камчинии асбобҳои мусиқӣ танқисӣ мекашанд. Боиси таассуф аст, ки онҳо барои иҷора гирифтани асбобҳои мусиқӣ дар ҳар чорабинӣ ба иҷорадиҳанда то се ҳазор сомонӣ пардохт мекунанд.

- Дар назди шуъба ансамбл­ҳои «Навои Бадахшон» ва «Эҳё» фаъолият доранд. Барои машқу омодагӣ ба чорабиниҳои гуногун маҷбурем, ки онҳоро дар утоқҳои матбааи вилоятӣ ва таҳхонаи бинои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят ҷо кунем, — афзуд С. Одинаев.

Устоди Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев, профессор Назрӣ Офаридаев мегӯяд, ки дар ҳолати кунунӣ истифодаи ­қасрҳои фарҳанг қонеъкунанда нест.

Иншоот танҳо дар ҷашну идҳои миллӣ ё чорабиниҳои сатҳи ноҳиявӣ истифода мешаванду халос. Кам будани музди меҳнати кормандони бахши фарҳанги шаҳру ноҳияҳои вилоят низ ба ин масъала рабт дорад, — таъкид намуд номбурда.

Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Соҳибназари Имомназар аз он  изҳори нигаронӣ кард, ки дар баъзе аз муассисаҳо раққоса ё омӯзгори фанни таърих ба сифати директор кор мекунад.

Номбурда таъкид кард, ки ҳоло устоҳои созтарош қариб дар ҳама шаҳру навоҳии вилоят ҳастанд ва метавон асбобҳои халқӣ — анъанавиро аз онҳо бо нархи дастрасу арзон харидорӣ кард. Вале асбобҳои нафасиро танҳо аз шаҳри Душанбе ё Санкт — Петербурги Федератсияи Россия харидорӣ намудан мумкин аст.

Паҳлуи дигари масъала ҳавасманд кардани ҷавонон аст.

- Онҳое, ки шуъбаи асбобҳои нафасии донишкада, консерватория ва омӯзишгоҳҳои касбиро хатм мекунанд, зуд соҳиби ҷойи кор мешаванд. Зеро ки барои ҳунарманди воқеӣ шудан чизе ё касе монеа шуда наметавонад, — афзуд ҳамсуҳбатам.

Бино ба гуфти ҷомеашинос Юсуфи Шодмонбек, ба фарҳанги пурғановат ва анъанаҳои этнографии тоҷикон ҳанӯз аз замонҳои пеш олимону коршиносон таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамуданд.

- Бинобар ин, кадрҳои соҳаи фарҳангро барои омӯзиш ва мубодилаи таҷриба ба хориҷа фиристода, касбияти онҳоро такмил медоданд. Дар ин замина аз шумули онҳо шахсиятҳои барҷаста ба камол мерасиданд, — илова кард ӯ.

Ҳамсуҳбатон аз он изҳори қаноатмандӣ карданд, ки ба шарофати соҳибистиқлолии кишвар имконият барои рушди соҳа бештар шуд. Танҳо мебояд масъулин аз онҳо самаранок истифода намоянд.

Машҳур ИМОМНАЗАРОВ,

рӯзноманигор