ВМКБ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ барзиёд иҷро шуд

№41 (4147) 04.04.2020

2 апрели соли равон нақшаи даъвати баҳории ҷавонписарон ба сафи қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 101, 6 фоиз иҷро гардид.

Дар ин бора раиси вилоят Ёдгор Файзов зимни чорабинии тантанавӣ дар шаҳри Хоруғ ба муносибати гусели навдаъватшудагон ба хизмат иттилоъ дода, ба ҷавонписарони баору номуси шаҳру навоҳии вилоят изҳори миннатдорӣ кард.

- Дар миёни навдаъватшудагон 32 нафар ҷавон, фарзандони хизматчиёни давлатӣ ва дигар масъулон буда, онҳо бо хоҳиши худ ба хизмат мераванд, — иброз дошт раиси вилоят.

Бояд гуфт, ки зимни даъвати баҳорию тирамоҳии соли 2019 низ ВМКБ дар ҷумҳурӣ аввалин шуда, нақшаро барзиёд иҷро карда буд.

М. ИМОМНАЗАР,

«Садои мардум»