Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар мамлакат аввалин шуда, нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳро сад фисад таъмин кард.
Ба ин муносибат, 3-юми октябри соли равон дар майдони Исмоили Сомонии шаҳри Хоруғ маросими гусели навдаъватшудагон доир шуда, дар он роҳбарияти вилояту шаҳр, ноҳияҳо, масъулини Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиш, волидону наздикони ҷавонон, омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев ва толибилмони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ иштирок намуданд.
Ба гуфтаи масъулини Комиссариати ҳарбии вилоят, дар даъвати имсола шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои вилоят нақшаи базиммадоштаашонро пеш аз муҳлат иҷро карданд.
Ёдовар мешавем, ки даъвати баҳории соли равон низ ВМКБ дар ҷумҳурӣ аввалин шуда, нақшаро барзиёд иҷро намуд.
М. ИМОМНАЗАР, «Садои мардум»