Дар ноҳияҳои Дарвозу Ванҷи ВМКБ узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодмонбек Юсуфбек, сардори раёсати адлияи вилоят Қаландарбек Алихониён ва омӯзгори Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев Насим Саидраҳмонов барои масъулини мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, раисону котибон ва аъзои эҳтимолии ҳавзаҳои интихоботӣ вобаста ба интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ семинари омӯзишӣ доир намуданд.
Лозим ба ёдоварист, ки чунин семинарҳо дар асоси нақшаи чорабиниҳои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади мусоидат ба фаъолияти шаффофи комиссияҳои интихобот баргузор карда мешаванд.
М. ИМОМНАЗАР,
«Садои Мардум»